Ҳудуди 50 тан аз саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Душанбе, имрӯз, 19 декабр ба назди бинои Бонки миллии Тоҷикистон рафтанд то, бо масъулин дар бораи фаъолияти ояндаи худ, гуфтугӯ кунанд.
Яке аз саррофон, ки рӯзи 19 декабр пас аз мулоқот мулоқот бо масъулони Бонки Миллӣ, ба Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки ҳадаф аз омадани онҳо ба инҷо, дарёфти ҷавоби аниқ дар робита ба фаъолияти ояндаи нуқтаҳои мубодилаи асъор мебошад. Зеро онҳо ҳама дар саргардонӣ ба сар мебаранд ва шумораи зиёде аз онҳо бекор мондаанд.
Ба гуфтаи саррофон, масъулони Бонки миллӣ дар мулоқоти рӯзи шанбеи гузашта ваъда дода буданд, ки дастур медиҳанд то нуқтаҳои мубодилаи асъор то охири сол фаъолияти худро идома диҳанд, вале ин ваъда амалӣ нашуд ва саррофиҳо ҳамоно баста мебошанд.
Бонки миллӣ дар охири моҳи ноябр дар пайи якбора боло рафтани қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ қарор кард, ки тамоми нуқтаҳои ивази асъор дар кишвар баста шаванд. Мақомот ҳадаф аз бастани саррофиҳоро танҳо ба низом даровардани бозори табдили асъори хориҷӣ гуфтанд. Ҳоло мубодилаи асъори хориҷӣ танҳо ба бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ дар кишвар иҷозат дода шудааст.
Раҳим Бобохонов, яке аз саррофон гуфт, ҳоло онҳо розӣ ҳастанд, ки ду баробар бештар ба давлат андоз супоранд ва фаъолияти онҳо чун гузашта ҳамчун нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсӣ, иҷозат дода шавад. Қаблан нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсӣ, ки бо иҷозати Бонки миллӣ фаъолият мекарданд, моҳона аз 600 то 700 сомонӣ ба давлат андоз месупурданд. Аммо ҳоло саррофон мегӯянд, ки розӣ ҳастанд моҳона то 1200 сомонӣ андоз супоранд ва фаъолияти худро идома диҳанд.
Аммо ин сарроф мегӯянд, аз ҳарфҳои масъулини Бонки миллӣ чунин бардошт ҳосил кардаанд, ки бояди масоҳати нуқтаҳои мубодилаи асъор аз 8 то 10 метри мураббаъ зиёд карда шавад, ки қимати иҷораро ду баробар боло мебарад ва бисёриҳо тавони пардохти онро надоранд.
Масъулони Бонки миллӣ то ба ҳол дар мавриди ин иддаои саррофон, шарҳе ироа накардаанд.
Бонки миллии Тоҷикистон қаблан хостори муҷозоти сахттари афроде шуда буд, ки берун аз ҳудуди бонкҳо ба ивази асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари Амрико, машғуланд. Ба гуфтаи масъулони Бонки миллӣ, то кунун алайҳи даҳҳо аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар парванда боз шуда, онҳо ба пардохти ҷаримаҳои калон дар ҳудуди аз 60 000 то 100 ҳазор сомонӣ муваззаф гардидаанд.
Ҳоло дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои Тоҷикистон 1 доллар ба 6 сомониву 90 дирам иваз мешавад. Аммо бисёре аз корафтодагон аз он шикоят доранд, ки дар бонкҳо ба ивази сомонӣ доллар намедиҳанд ва онҳо маҷбур ҳастанд, боз ба афроде рӯ оваранд, ки ба таври ғайрирасмӣ ба ивази асъор машғул буда, аммо мушкили онҳоро ҳал мекунанд.
Дар моҳи майи соли равон дар пайи як чунин афзоиши босуръати қурби доллару евро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарони Бонки миллӣ, бо шумули раиси он ва ҳамаи муовинонашро барканор кард. Раҳбарияти нав дар тӯли чанди гузашта тавонист то ҷое қурби сомониро ба истилоҳ “биқапад.” Вале иқтисоддонҳо мегуфтанд, ҳифзи қурби сомонӣ асосан бо чораҳои маъмурие, чун манъ кардани бонкҳо аз интихоби қурби болотар аз қурби расмӣ, аз бозори асъор рондани саррофони хусусӣ ва амсоли ин ҳосил шудааст ва ин мисли “пуфак”-ест, ки як рӯз метавонад битаркад.