Ҳодӣ Раҳимизода, собиқ узви Шӯрои вилояти Дайкундӣ, ки ҳодиса он ҷо рух дод, гуфт, ки ба гурӯҳи зоирон мусаллаҳони ношинос тир кушоданд. Манбаъҳои дигари маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳамлагарон савори мотосикл ҳамларо анҷом доданд.
Як сокини Дайкундӣ, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кардааст, гуфт, ҳамла замоне рух дод, ки гурӯҳи зоирон баъди зиёрати маконҳои муқаддаси шиаён дар Карбало аз Ироқ бармегаштанд ва сокинон онҳоро пешвоз мегирифтанд. Ин манбаъ гуфт, ки ҳамларо чор марди ҷавон анҷом дод.
Шохаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" баъди ба сари қудрат баргаштани Толибон дар Афғонистон, ҳамлаҳои зиёде анҷом додааст. Ҷангҷӯёни ин гуруҳ бештар мақомдорони Толибон, хориҷиҳо ва ҷомеаи ҳазораҳо ҳадаф мегиранд.
Ин гурӯҳи даҳшатафкан соли 2014 ҳамчун гурӯҳи минтақавии созмони тундрави «Давлати исломӣ» таъсис шуд. Хуросон ишора ба қаламравҳое дар Афғонистон, Эрон ва Осиёи Марказӣ мебошад.