ДОИШ масъулияти ҳамла ба вазири "Толибон"-ро ба дӯш гирифт

Амрико соли 2011 барои маълумот дар бораи Халилурраҳмон Ҳаққонӣ 5 миллион доллар ҷоиза эълон карда буд

Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) масъулияти ҳамла ва куштани як мансабдори баландпояи ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон ба дӯш гирифт.

Хабаргузории "Франс Пресс" ва DPA-и Олмон ба нақл аз шабакаҳои вобаста ба ДОИШ навиштанд, ки ҳамларо як бомбгузори маргталаб анҷом додааст.

Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирин дар ҳукумати "Толибон", рӯзи 11-уми декабр дар ҳамла ба ҷойи кораш дар Кобул кушта шуд.

Вай бародари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, муассиси шабакаи "Ҳаққонӣ" ва амаки Сироҷиддини Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии "Толибон" аст.

Амрико соли 2011 барои маълумот дар бораи Халилурраҳмон Ҳаққонӣ 5 миллион доллар ҷоиза эълон карда буд.

Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ соли 2014, замоне пайдо шуд, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бахше аз қаламравҳои Ироқ ва Сурияро тасарруф карда, “хилофат”-и худхонда эълон карда буд. Давлате, ки ба гуфтаи онҳо бар пояи шариат идора мешуд. Дертар ДОИШ аз тарафи эътилофи низомии таҳти раҳбарии Амрико саркӯб гардид.

Ин гурӯҳ пас аз бозгашти “Толибон” ба қудрат дар бештар аз се соли охир масъулияти чанд ҳамлаи маргборро дар Афғонистон бар уҳда гирифтааст.