Парвандаи "ҷосусӣ"-и Александр Содиқов қатъ шудааст?

Александр Содиқов

Як манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, Александр Содиқов, ки дар Тоҷикистон ба ҷосусӣ гумонбар мешуд ва то анҷоми тафтиш ҳаққи тарки маҳалли зисташро надошт, дар пайи қатъ шудани парвандаи ҷиноияш тавонистааст ба Канада равад.

Як манбаи Радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни тафтиши парвандаи "ҷосусӣ" алайҳи пажӯҳишгари ҷавон Александр Содиқов огоҳ будааст, рӯзи 16 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз анҷоми марҳилаи аввали тафтишот мақомоти тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ӯро идома надоданд ва дар авоили ҳафтаи гузашта парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин пажӯҳишгар қатъ карда шуду Содиқов тавонист ба Канада баргардад. Ин нафари наздик ба Содиқов афзуд, бо қатъ карда шудани парванда Александр Содиқов аз ҳабси хонагӣ раҳо шуда, барои идомаи таҳсил ба Торонто рафт.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ин хабарро, ки парвандаи Александр Содиқов бо гумони «ҷосусӣ» қатъ шудааст ё на, рад ё тасдиқ намекунанд ва аз шарҳи он низ худдорӣ варзиданд.

Александр Содиқов, бино ба хабарҳо, рӯзи 10 сентябр ҳамроҳ бо ҳамсар ва духтарчааш ба Канада рафт ва аз онҷо ба наздиконаш занг зада, хабар додааст, ки онҳо сиҳҳату саломат расиданд. Манобеи амниятии Тоҷикистон дар пайи нашри хабари ба Канада рафтани Содиқов бидуни бурдани ном мегуфтанд, ки ин сафар бо иҷозаи тафтишот сурат гирифтааст, вале таҳқиқи парвандаи ин пажӯҳишгари муттаҳам ба ҷосусӣ ҳамчунон идома хоҳад ёфт.

Александр Содиқов аз 21 июл ба шарти то анҷоми тафтишот тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ қарор дошт. Созмони "Афви байналмилалӣ" дар поёни моҳи август хабар дод, ки замони тафтиши пешакии парванди ӯ рӯзи 18 август ба поёни расидааст, вале мақомот замони тафтишотро боз тамдид кардаанд.

Дар оғози моҳи сентябр созмони канадагии «Пен» бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон хост, то барои сафари Александр Содиқов ба хориҷ иҷозат бидиҳад, чунки ӯ донишҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада аст ва таҳсилаш дар онҷо рӯзи 8 сентябр оғоз мешавад.

Алим Шерзамонов

Александр Содиқов, унвонҷӯи 31-солаи донишгоҳи Торонто, ки ба гуфтаи ӯву наздиконаш, барои таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ба шаҳри Хоруғ рафта буд, рӯзи 16-уми июн, ҳамагӣ чанд ҳафта баъд аз нооромиҳои Хоруғ, ҳангоми мулоқоташ бо Алим Шерзамонов, раиси созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази вилояти Бадахшон дастгир шуд. Ба дунбол Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки Александр Содиқов ба «хиёнат ба ватан» ва «ҷосусӣ ба нафъи кишвари бегона» муттаҳам мешавад. Мақомот аммо нагуфтаанд, ки Содиқов ба нафъи кадом кишвар ҷосусӣ мекард.

Рӯзи 18-уми июн Александр Содиқовро дар телевизиони вилояти Бадахшон намоиш доданд, ки мегуфт, ба хотири таҳқиқи заминаҳои эътирозҳои Хоруғ ба инҷо сафар кардааст ва мусоҳиба бо Шерзамонов як бахши кори таҳқиқотиаш буд. Аммо рӯзе баъд аз ин Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар ҳузури сафирону намояндагони баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гуфт, ки ҷосусони хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва зери ниқоби созмонҳои ғайридавлатӣ мехоҳанд, суботу амният дар кишварро халалдор кунанд.

Боздошти ин пажӯҳишгар ва он ҳам бо иттиҳоми ҷосусӣ дар саҳнаҳои байналмилалӣ сару садои зиёде ба по кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ин қазияро нақзи ҳуқуқи инсону озодии баён ва худи Содиқовро маҳбуси ақидатӣ ё маҳбуси сиёсӣ унвон мекунанд.

Маркази Хоруғ. 21 май

Боздошти Александр Содиқов дар маркази Бадахшон баъд аз эътирозҳое буд, ки рӯзи 21 май ба дунболи амалиёти маъмурони амниятӣ барои боздошти, ба гуфтаи мақомот, “қочоқбарони маводи мухаддир” дар Хоруғ оғоз ёфт. Дар ин нооромиҳо 3 нафар куштаву 7 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ ба нишони эътироз бинои додситониву раёсати умури дохилӣ ва ҳам манзили хусусии сардори пулиси Хоруғ Бахтдавлат Бахтдавлатов дар маҳаллаи Бархоруғро дар он рӯзҳои нооромиҳо оташ заданд.

Ҳамин тавр, маркази вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2012 низ шоҳиди амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ алайҳи “гурӯҳҳои худсар”-и маҳаллӣ шуд, ки ба қатли Абдулло Назаров, сардори идораи амнияти вилоят айбдор шуданд. Дар рӯёрӯиҳои ду соли пеш дар шаҳри Хоруғ, бино ба ҳисобҳо, аз ҳарду тараф то 70 нафар кушта шуданд.