Додситонии Туркия парвандаи вобаста ба "Крокус"-ро ба додгоҳ фиристод

Дар парвандаи панҷ узви ДОИШ дар Туркия номи Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин, гумонзадҳои ҳамла ба "Крокус", низ зикр шудааст

Додситонии Туркия алайҳи панҷ хориҷӣ, ки ба қавли муфаттишон бо тоҷикони гумонзад ба ҳамла ба толори "Крокус"-и Русия тамос доштаанд, айбнома эълон кард.

Хабаргузории расмии "Анадолу" рӯзи 2-юми январ навишт, ин афрод ба узвият дар ДОИШ ё гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" муттаҳам ҳастанд.

Ба Ҳофизҷон Усмонов, Мутеулло Асоев, Раҳматулло Солиҳов, Муҳаммадраҳим Файзов ва Ҳамза Муҳаммад то понздаҳ сол зиндон таҳдид мекунад. Мақомоти Туркия шаҳрвандии онҳоро ошкор накарданд, вале расонаҳо Муҳаммадраҳим Файзовро зодаи Тоҷикистон навиштанд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Муҳаммадраҳим Файзов бародари Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус" дар Маскав аст. "Ӯ 29-сола аст. Баъд аз ду ҳафтаи ҳамла ба "Крокус" дар Туркия боздошт шудааст," – гуфт як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми январ. Иттилои аз ин бештар феълан дастрас нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ба тӯй мерафт", "сартароши хуб буд", "соз намоз намехонд". Муҳаммадсобир Файзов кист?

Ба гузориши "Анадолу", Муҳаммадраҳим Файзов ва Ҳофизҷон Усмонов бо Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин, ду гумонзади ҳамла ба “Крокус”, тамоси мустақим доштанд.

Манбаъ мегӯяд, Муҳаммадраҳим Файзов рӯзи 5-уми январи соли 2024 ҳамроҳи Саидакрам Раҷабализода вориди Туркия шуда, Ҳофизҷон Усмонов бо Фаридуни Шамсиддин дар як хона дар Истанбул зистааст.

Мавқеи дастгиршудаҳо маълум нест.

Бибисоро Ашӯрова, ҳамсари Саидакрам Раҷабализода, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ дар оғози моҳи январи соли 2024 бо нияти сафар ба Русия аз хона рафт.

Нашрияи туркии "Ҳуррият" моҳи марти соли 2024 хабар дод, ки Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин чанд ҳафта дар Истанбул буда, рӯзи 2-юми март ба Маскав рафтаанд. Фаридуни Шамсиддин дар бозпурсӣ гуфтааст, барои санадҳояш бояд аз Маскав берун мешуд ва аз ин рӯ ба Истанбул рафту баргашт.

Муфаттишони Туркия гуфтаанд, яке аз боздоштшудаҳо ба ивази бомбгузорӣ дар маркази тиҷоратии “Вегас” дар канори Маскав низ 800 ҳазор рубл (беш аз 7 ҳазор доллар), ҳуҷҷати нав ва манзили муваққатӣ дар Беларус пешниҳод кардааст. Фурӯшгоҳи “Вегас” дар як бино бо “Крокус Сити Ҳолл” ҷойгир аст.

Ҳамаи ин афрод пас аз ҳамлаи маргбор ба "Крокус" дастгир шудаанд. Мақомот гуфтаанд, онҳо талош доштанд, аз Туркия ба Эрон ва бархе сипас ба Афғонистон бираванд.

Додгоҳи Истанбул парвандаро пазируфтааст, вале рӯзи муҳокима ҳанӯз маълум нест.

Ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд, вале то кунун шубҳаву суолҳо боқӣ мондааст.

Як далеле, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёдрас мекунанд, иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангин мебошад. Баъзе аз гумонзадҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.