Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олиро ошкор кард

Файзи Олии 74-сола рӯзи 29-уми ноябр ба дуним сол зиндон маҳкум шуд

Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷикро ошкор кард.

Файзи Олии 74-сола рӯзи 29-уми ноябр ба дуним сол зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро ба “дидаю дониста расондани хабари дурӯғ нисбат ба прокурор” гунаҳкор донист.

Худаш рӯзи 25-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳеч гуноҳ надорад. Баръакс, мақомотро танқид кард, ки ба ҷойи баррасии номааш дар бораи ришвагирии муфаттишон худи ӯро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Ин нома, ба гуфтаи ӯ, бар асоси баёнот ва бо иҷозаи зерҳимояаш, Шамсулло Ҳамроҳзода, омода ва фиристода шуда буд.

Додситонии кул рӯзи 4-уми декабр дар хабарномае тасдиқ кард, ки Файзи Олӣ ба ин ниҳод, Шӯрои амният, Оҷонси мубориза бо фасод, ВКД ва Палатаи ҳисоб хатӣ муроҷиат кардааст. Аз ҷумла, дар бораи гуё 21 ҳазор сомонӣ гирифтани корманди Додситонӣ У. Холиқзода, 50 ҳазор сомонӣ гирифтани нозири Палатаи ҳисоб Ҷ. Шарифзода ва 20 ҳазор сомонӣ гирифтани вакили мудофеъ Ҳ. Саидова аз Шамсулло Ҳамроҳзода.

Аммо мақомот номаи Файзи Олиро “дидаю дониста расондани хабари дурӯғ, оворакунии мақомоти давлатӣ, қасосгирӣ ва дигар ниятҳо” номидаанд, ки ба бовари онҳо “бе огоҳии шахси ваколатдиҳандааш Ҳамроҳзода” навишта шудааст.

Файзи Олӣ рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “Шамсулло Ҳамроҳзодаро маҷбур кардаанд, аз баёноташ даст кашад. Гӯяд, ки мо ба Файзи Олӣ ин хел ваколат надодаем."

Дар хабарномаи Додситонии кул гуфта шудааст, ки “дар ҷараёни санҷиш ваҷҳҳои ҳимоятгар Юлдошев Ф.Ш. тасдиқ наёфт” ва ба ҳамин далел нисбат ба корманди Додситонӣ, нозири Палатаи ҳисоб ва як вакили мудофеъ парванда боз нашуд.

Шамсулло Ҳамроҳзода як масъули ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” аст, ки моҳи марти соли 2024 ҳамроҳи ду ҳамкораш бо гуноҳи азхудкунии 4672,8 ҳазор сомонӣ зиндонӣ карда шудааст.

Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.

Ҳоло маълум нест, ки ӯ нисбат ба ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино шикоят мебарад ё не.