Додрас Имон Афшорӣ рӯзноманигорро ба "ҳамкорӣ бо ҳукумати Амрико", ки Ҷумҳурии Исломӣ "душман" мехонад, гунаҳкор донист.
Ризо Вализода пас аз даҳ сол кор дар Радиои Фардо, моҳи ноябри соли 2022, аз ин расона рафт. Пас аз муддате будубош дар хориҷ ба дидори наздиконаш ба Эрон баргашт ва моҳи октябри соли 2024 боздошт шуд.
Ба иттилои Радиои Фардо, Вализода дар ду ҷаласаи додгоҳӣ дар моҳи ноябр тавонистааст, "ним соат аз худ дифоъ кунад".
Наздиконаш гуфтаанд, Ризо Вализода ба як “доми амниятӣ” уфтод.
Худаш дар паёми охирин дар шабакаи “Х” навишта буд, ки бо Созмони иттилооти Сипоҳи посдорон музокироти нотамом дошт, аммо дар ниҳоят бе ягон замонатнома, на хаттӣ ва на шифоҳӣ, ба Эрон баргашт. Маълум нашуд, ӯ дар чӣ шароит ин навиштаро нашр карда буд.