Президенти додгоҳ Навоф Салом рӯзи 24-уми май зимни қироати қарори Додгоҳи байналмилалии СММ гуфт, тадбирҳо бояд боз шудани гузаргоҳи сарҳадии Рафаҳ бо Мисрро пешбинӣ кунад, то ки мавҷи кӯмакҳо вориди Ғазза шаванд.
Додгоҳ гуфт, Исроил бояд “ҳуҷуми низомӣ ва ҳама гуна дигар амалашро дар минтақаи Рафаҳ, ки гурӯҳҳои фаластиниро дар Ғазза бо ҳолати нобудшавии комил ё пурра мувоҷеҳ мегардонад, билофосила хотима диҳад”. Ин қарор қисман бар асоси шикояти Африқои Ҷанубӣ содир шудааст, ки Исроилро дар наслкушӣ айбдор намуда аз додгоҳи СММ тақозо намуд, ки пеши роҳи Исроилро аз идомаи ҳуҷумҳояш ба Ғазза бигирад.
Вокуниши Исроил ба қарори додгоҳ феълан маълум нест, вале дар гузашта Исроил иттиҳоми наслкушӣ дар Ғаззаро рад кардааст. Амалиёти ҷангии Исроил дар Ғазза баъди як ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар рӯзи 7 октябри порсол шурӯъ шуд, ки дар он ҳудуди 1200 нафар, асосан ғайринизомиён кушта ва тақрибан 240 нафари дигар гаравгон гирифта шуданд.
Вазорати тандурустии таҳти раҳбарии Ҳамос дар Ғазза мегӯяд, дар ҳафт моҳи ҷангҳо беш аз 35 ҳазор фаластинӣ, асосан занону кӯдакон кушта шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Нетаняҳу дар назди Конгресс суханронӣ мекунад“Давлати Фаластин бояд бо гуфтугӯ таъсис ёбад, на бо эътирофи якҷониба”Се кишвари аврупоӣ Фаластинро ба расмият шинохтанд. Исроил хашмгин шудСММ тақсими ғизоро дар Рафаҳ бас кард