Додгоҳи Русия хабарнигори RFE/RL Алсу Қурмашеваро ба шашуним соли зиндон маҳкум кард

Алсу Қурмашева

Додгоҳи олии Тотористон (Русия) Алсу Қурмашева, хабарнигори дастгиршудаи бахши тотор-бошқирдии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL)-ро бо айбномаи нашри ахбори дурӯғ дар бораи артиши Русия, ба 6,5 соли зиндон маҳкум кардааст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс (АП) бо такя ба сухангӯи Додгоҳи олии Тотористон навишт, ҳукм 19-уми июл имзо шудааст.

Вокуниши Алсу Қурмашева ба ҳукми содиршуда маълум нест. Қаблан ин хабарнигор ва Радиои Озодӣ иттиҳомҳоро рад карда, гуфтаанд, Маскав Алсу Қурмашеваро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

Пойгоҳи «Медиазона» бо такя ба дафтари матбуотии Додгоҳии олии Тотористон гузориш дода буд, ки парвандаи Алсу Қурмашева муҳри махфӣ дорад ва барои ҳамин пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико аст, аз моҳи октябри соли 2023 боз дар Боздоштгоҳ аст. Вай моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафта буд.

Аввал барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд. Сипас, 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд. Худи хабарнигор ва Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин айбномаро беасос гуфтаанд.