Додгоҳи Қазоқистон: Қарори манъи ҳиҷобпӯшӣ дар мактаб бекор нашудааст

Оқтеппа, Қазоқистон

Додгоҳи олии Қазоқистон хабари баъзе аз расонаҳоро дар бораи он ки гуё манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо ғайриқонунӣ дониста шудааст, рад кард.

Ҳомии ҳуқуқи инсон аз вилояти Қарағанда Жаслан Айтмаганбетов рӯзи 24-уми сентябр гуфт, Додгоҳи олӣ аз ҳуқуқи духтари ҳиҷобпӯши мактабхон ҳимоят кард.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ дар шарҳе рӯзи 26-уми сентябр гуфт, ҳангоми баррасии қазияи мактабхони ҳиҷобпӯш "ҳуқуқи ӯ барои таҳсили ҳатмӣ поймол карда шуд". "Вале Додгоҳи олӣ масъалаи қонунмандии пӯшидани либоси мазҳабиро муҳокима накардааст," -- навишт ин ниҳод.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки дар Қазоқистон талаботи доштани либоси ҳатмии мактабӣ амал мекунад ва ин қарор бекор ё ғариқонунӣ эълон нашудааст.

Вазири маорифи Қазоқистон соли 2016 амре содир кард, ки бар асоси он ба шогирдони мактаб пӯшидани либоси динӣ дар мактабҳо манъ карда шудааст.

Ин амр сабаби он шуд, ки бисёре аз духтарон аз оилаҳои мазҳабӣ бо мушкили пӯшидани сатр ё ҳиҷоб дар мактаб дучор шуданд.