Додгоҳи федероли Австрия ихроҷи паноҳҷӯи 29-солаи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Душанбе "ғайриқонунӣ" дониста, ба барқарор кардани ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ ҳукм баровардааст. Ҳизбуллоҳ Шовализода 4-уми марти имсол аз Австрия шуд ва 12-уми июн дар Тоҷикистон ба бист соли зиндон маҳкум гардид.
Бино бар қарори додгоҳи Австрия, ки рӯзи 7-уми июл содир шуд, рад шудани дархости паноҳандагӣ ва иҷозаи ихроҷи Шовализода бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст. Аз ҷумла, ба ӯ ҳақ ва муҳлати хуруҷи ихтиёрӣ дода нашуда, ҳангоми берун кардан ба маълумоти куҳна роҷеъ ба вазъи Тоҷикистон такя шудааст.
Додгоҳ ҳангоми содир кардани ҳукми охир далелҳои вакили мудофеи Шовализода доктор Грегор Кламмерро пазируфтаст, ки ба набудани адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон, таъқиби мунтақидони ҳукумат, шиканҷа ва фасод дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва пайгарди мухолифони ҳукумат таъкид кардааст.
Грегор Кламмер рӯзи 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми Додгоҳи федероли Австрияро тасдиқ кард ва гуфт, "дар қарор ҳукумати Австрия вазифадор шудааст, ки бозгашти Шовализодаро таъмин кунад."
Вай ба суоли он ки Ҳизбуллоҳ Шовализода дар Тоҷикистон ба бист соли зиндон маҳкум шудааст ва бозгашташ то куҷо имконпазир ҳаст, чунин посух дод: "Ҳоло идораи мо бо тамоми муассисаҳо тамос мегирад ва аз онҳо тақозо мекунад, ки фишор оваранд ва ё ҳадди ақал ин масъаларо матраҳ кунанд. Мо бо раиси ҷумҳур ва ҳукумати Австрия, ҳукумати Олмон, аз ҷумла садри аъзами он кишвар ин масъаларо матраҳ мекунем, чун Олмон низ ба қазияе, ки рух дод, масъул аст."
Вакили мудофеъ Грегор Кламмер афзуд, "аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳама чиз рӯшан шуд. Мо ҳоло ҳукумати Австрияро хабардор карданӣ ҳастем, ки қазияи Шовализода қазияи сиёсӣ шудааст. Фишор оварда шавад, ки ӯ имконияти баргаштанро ба Австрия дошта бошад. Маъмулан мо бо корҳои ҳуқуқӣ машғул ҳастем ва ин қазия дигар фарқ мекунад ва бояд тасмимҳо қотеъона гирифта шавад."
Додгоҳи Австрия ҳамчунин ба суистифодаи ҷониби Тоҷикистон ҳангоми пайгарди Ҳизбуллоҳ Шовализода тавассути Интерпол, пулиси байнулмилалӣ, ишора намуда, ин пайгардро дорои ангезаҳои сиёсӣ донистааст.
Шовализодаи 29-сола қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале дархосташ рад шуд. Вай пеш аз ихроҷ ба Тоҷикистон ду моҳро дар боздоштгоҳе дар Вена гузаронд.
Додгоҳи Австрия мегӯяд, Ҳизбуллоҳ Шовализода моҳи марти соли 2019 дархости паноҳандагӣ карда ва гуфтааст, ӯ "язғуломӣ" аст ва дар кишвари худ ҳамчун "душмани халқ" шинохта мешавад. Вай гуфтааст, дар сурати бозгашт ба ватан ӯро бо гуноҳи пайравӣ аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ 20-25 сол ба зиндон меафкананд.
Моҳи март Додситонии кулли Тоҷикистон расман Шовализодаро ба узвият дар ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ ва "хиёнат ба давлат" муттаҳам кард. Чизе, ки намояндагони ҲНИТ дар хориҷа рад намуданд.
Абдуллоҳ Шовализода, падари Ҳизбуллоҳ Шовализода, 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, телефонӣ ба ӯ хабар додаанд, ки писараш 20 сол аз озодӣ маҳрум шудааст ва ҷузъиёти парвандаро намедонад.
Қаблан гуруҳе аз паноҳҷӯён ва фаъолони мухолифони тоҷик дар шаҳри Вена аз мақомоти Австрия хостанд, шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе нафиристад. Онҳо мегуфтанд, дар сурати бозпас фиристодани яке аз ҳаммаслаконашон Ҳизбуллоҳ Шовализода ба Душанбе, мумкин аст, ӯро азобу шиканҷа кунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи март гуфта буд, ба монанди Шовализода чаҳор нафарро ба кишвар овардаанд.
Моҳи сентябри соли 2019 мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯи тоҷик Мустафо Ҳаётовро ба кишвар фиристоданд. Ҳаётов узви фаъоли "Гурӯҳи 24" буд ва пас аз баргаштан дар видеое, ки маълум нест дар чӣ шароит забт шудааст, гуфт, вазъаш хуб мебошад.
Пас аз соли 2015 мақомоти Тоҷикистон номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои сиёсиро, ки фаъолияташон дар кишвар манъ шудааст, ба рӯйхати касони ҷустуҷӯшаванда дароварданд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!