Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбулло Шовализода аз Вена ба Душанбе истирдод шуд


Ҳизбулло Шовализода
Ҳизбулло Шовализода

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 5 март зимни ҳамкориҳо бо кишвари Австрия ё Утриш шаҳрванди Тоҷикистон Ҳизбулло Шовализода ҳамчун узви ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба Тоҷикистон истирдод карда шуд. Номбурда аз тарафи мақомоти тоҷик ба чандин ҷурм, аз ҷумла узвият дар созмони тундрав, хиёнат ба давлат ва ғайра гумонбар дониста мешавад.

Ин дар ҳолест, ки гуруҳе аз паноҳҷӯён ва фаъолони мухолифони тоҷик рӯзи 2 март дар шаҳри Вена ҷамъ омада, аз мақомоти Австрия хостанд, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе истирдод накунанд. Онҳо мегуфтанд, дар сурати бозпас фиристодани яке аз ҳаммаслаконашон Ҳизбулло Шовализода ба Душанбе мумкин аст, ӯро азобу шиканҷа кунанд.

Ҷавони 29-солаи тоҷик, ки ба гуфтаи мухолифон аз тарафдорони онҳост, дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад. Худаш ин иддаоҳоро рад карда ва ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат кардааст. Дар видеои гирдиҳамоӣ, ки фаъолони мухолифон дар Фейсбук нашр кардаанд, дида мешавад, ки чанд нафаре аз онҳо баландгӯ аз мақомоти Австрия мехоҳанд, Шовализодаро ба Душанбе нафиристанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи гунаҳкор будани Ҳизбулло Шовализода ба мақомоти Австрия далелҳол пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, номбурда чаҳорумин нафар аст, ки бо дархости онҳо ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

XS
SM
MD
LG