Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон (иттиҳоди додрасҳои саршинос ва ҳуқуқшиносони ҷаҳон) дар гузорише гуфт, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон низоми адлияи худро одилона мешуморад ва танҳо баъзе аз додрасҳоро ба "фаъолияти ғайрикасбӣ" айбдор мекунад.
Ҳайати ҳуқуқшиносон моҳи апрел ва майи соли 2019 ба Тоҷикистон омада, низоми додгоҳии кишварро аз наздик омӯхтаанд ва натиҷаҳои ин таҳқиқро моҳи декабри имсол дар гузориши 80-саҳифаӣ нашр карданд.
ВОЛОИЯТИ ҚОНУН Ё МАНФИАТИ ҲУКУМАТ?
Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон дар гузориши фарогир мустақил будани низоми додгоҳии Тоҷикистонро ба чанд далел зери суол бурдааст. Пеш аз ҳама, дахолати ҳукуматро "сабаби халалдор шудани истиқлоли додрасҳо" мешуморад.
Дар гузориш омадааст: "Ҳайати Додгоҳи олиро мансабдори давлатӣ (дар мисоли Тоҷикистон президент) таъин мекунад. Дар ин ҳолат додгоҳ манфиати ҳокимияти иҷроияро ҳимоят хоҳад кард, на волоияти қонун ва ҳуқуқи айбдоршавандаҳоро. Ва набояд чизе ба ҷуз инро интизор буд."
Ҳуқуқшиносони созмон ба ихтилоф дар қонунҳои Тоҷикистон ҳам ишора мекунанд, ки аз як сӯ қонунгузор низоми додгоҳиро шохаи мустақили ҳокимият эълон кардааст ва аз тарафи дигар риштаи таъину ҷобаҷогузории додрасҳо (судя) дар дасти раиси ҳукумат аст.
Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқадори тоҷик, зуд-зуд иваз шудани ҷойи кори додрасҳоро, як мисоли таъсиррасонии ҳукумат ба кори онҳо медонад. Вай гуфт, "мувофиқи Конститутсия судяҳо дар Тоҷикистон барои 10 сол таъин мешаванд. Он судяҳое, ки каме нодуруст амал кунанд (манзур аз назари ҳокмият), ӯро "ротатсия" мекунанд. Аз Душанбе ба ягон ноҳияи дурдаст мефиристонанд. Ҳол он ки ин қонуншиканӣ аст."
Ба навиштаи муаллифони гузориш, бо ин дахолати мақомот хотима намеёбад. Бино бар мушоҳидаи ҳуқуқшиносони ин кумисюн, дар Тоҷикистон таҷрибае роиҷ аст, ки Додситонӣ ба додгоҳҳо “роҳнамо”-ҳо мефиристад, ки низ мустақил будани онҳоро зери суол мегузорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Даҳҳо додрас барканор ва дубора ба мансабҳои нав таъйин шуданд. САДОДОДРАСҲОРО ЧӢ ГУНА "ИНТИХОБ" МЕКУНАНД?
Дар гузориш гуфта мешавад, раисони додгоҳҳо низ дар Тоҷикистон метавонанд ба ҷараёни мурофиаҳо дахл карда, ба қабули ҳукми ниҳоӣ таъсир расонанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон то замони нашри мақола дар тамосҳои телефони ва хаттӣ дар ин робита изҳори назар накард. Дар сурати дастрас шудани мавқеи Додгоҳи олӣ Радиои Озодӣ онро нашр мекунад. Дар гузашта масъулони Додгоҳи олӣ ба танқиду эродҳои ба ин монанди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтаанд, суд дар Тоҷикистон ҳокимияти мустақил аст ва адолатӣ судӣ дар кишвар таъмин мебошад.
Ин дар ҳолест, ки муаллифон менависанд, шеваи интихоби додрасҳо (судя) дар Тоҷикистон шаффоф нест, то аз ҳолатҳои тамаъҷӯиву коррупсия ва ошнобозӣ пешгирӣ кунад. Бар замми ин, муаллифон навиштаанд, "дар Тоҷикистон, қабл аз он ки номзадҳо ба озмуни интихоби додрасҳо роҳ дода шаванд, рӯйхати довталабон пешакӣ бо ҳукумати иҷроия, аз ҷумла мақомоти амният мувофиқа карда мешавад. Ин ҳолат мазмуни моҳияти интихоби додрасҳо ва риояи усули мустақилиро пурра аз байн мебарад."
Ба хулосаи аъзои ҳайат, нуктаи дигаре, ки мустақил будани додрасҳоро зери суол мебарад, салоҳиятҳои беҳудуди раиси Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ дар таъини ҷазоҳои интизомӣ нисбат ба додрасҳо мебошад.
Ҳангоми сафар дар Тоҷикистон ҳайати Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон шоҳид шудаанд, ки дар тартиб додани рӯйхати номзадҳо ба мақоми додрасҳои Додгоҳи олӣ ва додгоҳҳои зинаҳои поин кормандони бахши ёрдамчии президент оид ба кадрҳо "фаъолона ширкат меварзанд ва дар ин раванд нақши муҳим доранд".
Дар гузориш гуфта мешавад, ин як навъ дахолати ошкори ҳукумати иҷроия ба низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон аст. Ин гуна таҷрибаро дар Тоҷикистон муаллифон "ширкати нодурусти ҳокимияти иҷроия дар раванди интихоби додрасҳо" номидаанд.
"САЛОҲИЯТҲОИ БЕҲУДУДИ РАИСОН"
Муҳлати даҳсолаи кори додрасҳо, баҳогузорӣ ба фаъолияти онҳо бар асоси бекор шудани ҳукми содиркардаашон аз ҷониби додгоҳҳои зинаҳои болоӣ аз нуктаҳои заъфи низоми додгустарии Тоҷикистон ном бурда мешавад. Муаллифон мегӯянд, дар чунин шароит додрасҳо вобастаи иродаи роҳбарият мешаванд ва "қобилияти мустақилона содир ҳукм кардани додрасҳоро фалаҷ месозад".
Нуктаи дигаре, ки мустақил будани додрасҳоро зери соя мебарад, ба хулосаи аъзои ҳайати ин созмон, салоҳиятҳои беҳудуди раиси Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ дар таъини ҷазоҳои интизомӣ нисбат ба додрасҳо мебошад.
Муаллифони гузориш менависанд, раиси Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ мувофиқи қонунҳои амалкунанда нисбат ба ҳама додрасҳо метавонанд "парвандаи интизомӣ" оғоз кунанд. Ин салоҳият ба хулосаи ҳуқуқшиносон "беш аз ҳад аст ва ба мустақилии додрасҳо таъсир мерасонад."
МАОШИ КАМ
Кам будани маоши додрасҳо дар ин гузориш аз нуктаҳои заъфи низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешавад. Ба навиштаи Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон, додрасҳо дар Тоҷикистон 1600 сомонӣ (160 доллар) ва додрасҳои Додгоҳи олӣ бо назардошти собиқаи кор 4500 сомонӣ (450 доллар), додрасҳои Додгоҳи ҳарбӣ 6200 сомонӣ (620 доллар) маош мегиранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳабси 25 додрас бо ҷурми фасод. Додраси пешин: "Бо 1500 сомонӣ чӣ хел зиндагӣ кунанд?"Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон мегӯяд, ин миқдор маош "истиқлоли молиявии додрасҳоро кафолат дода наметавонад" ва маоши ками додрасҳо "барои коррупсия замина фаоҳам мекунад". Бино бар ин, ба мушоҳидаи масъулони созмон, "маоши кам" бо зиндагии серу пури баъзе аз додрасҳо "ҳамхонӣ надорад".
Ватан Абдураҳмонов мегӯяд, маоши додрасҳо воқеан кам аст ва "онҳо бояд аз ҷиҳати моддӣ таъмин бошад. Тавре мебинем аксар додрасҳо вақтҳои охир вобаста ба кирдорҳои коррусионӣ аз вазифа сабукдӯш шуданд. Бояд чораҳое андешида шавад, ки судяҳо ба ришвахорӣ рӯ наоранд."
ДОДГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН "САФЕД" НАМЕКУНАНД
Як нуктаи дигар, ки Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон ба он таъкид кардаанд, ин аст, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон дар аксар маврид гумонбаронро маҳкум мекунанд ва хеле кам ҳукми ба истилоҳ “сафед” содир мекунанд.
Ба қавли муаллифон, омори ҳукмҳои "сафед" дар додгоҳҳои Тоҷикистон қариб ба сифр баробар буда, аз он аломат медиҳад, ки "мақомоти судӣ дар Тоҷикистон мустақил ва беғараз нест". Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо нисбат ба ду нафар ҳукми "сафед" баровардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додгоҳе дар Ню-Йорк ба ситондани 24,5 миллион доллар аз "Агроинвестбонк" ҳукм кардПрезидент хостори "тоза" кардани додгоҳҳо ва додситониҳо аз афроди "тасодуфӣ" шудДаҳҳо додрас барканор ва дубора ба мансабҳои нав таъйин шуданд. САДОДодгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол 10 "ҳукми сафед" содир кардаандБарканории раиси Додгоҳи шаҳри Гулистон ва як зердасташ