Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол 10 "ҳукми сафед" содир кардаанд


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Додрасҳои Тоҷикистон дар соли гузашта танҳо 10 нафарро бегуноҳ эълон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар додгоҳҳои кишвар наздики 11 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст. Кам будани ҳукмҳои сафед дар гузашта интиқодҳои зиёдеро аз кори додрасон ба миён оварда буд.

Масъулини Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, аз 10 нафаре, ки дар додгоҳҳо бегуноҳ дониста шуданд, ду нафар барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, як нафар ба қаллобӣ, ҳашт нафари дигар ба қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ ва латту кӯб муттаҳам мешуданд.

Масъалаи кам будани ҳукмҳои сафедкунанда дар Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мавриди интиқод карда гирифтааст. Адолатӣ судӣ аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад ва таҳлилгарон низ мегӯянд, бе тағйири куллӣ дар ин сохтор, набояд интизори натиҷаи беҳтар шуд.

Додрасҳои Тоҷикистонро барои он зиёд интиқод ва адолати додгоҳӣ дар кишварро баъзе таҳлилгарон зери суол мебаранд, ки дар курсиҳои айбдории додгоҳҳо нафарони ангуштшумор метавонанд бегуноҳии худро исбот намоянд.

XS
SM
MD
LG