Дмитро Кулеба бо мақомоти Чин мулоқот мекунад

Дипломати аршади украинӣ бо як сафари серӯза дар Чин қарор дорад.

Дмитро Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи 23-юми июл ба Чин рафт, то шеваи кӯмаки мақомоти Пекин дар хатми ҷанг бо Русияро баррасӣ намяд. Равобити Чину Русия аз замони шурӯи ҷанг то рафт қавитар мешавад.

Чин расман худро чун як ҷониби бетараф дар ин ҷанг намоиш дода гуфтааст, ки дар қиёс бо ИМА ваё дигар кишварҳои ғарбӣ ҳеҷ ёрии низомие фароҳам накардааст.

Вале тақвияти муносибатҳояш бо Русия боиси он шуд, ки Чинро аъзои НАТО “омили ҳалкунанда дар кӯмак” ба ҷанги Маскав номиданд. Аз замони оғози ҷанг дар моҳи феврали соли 2022, ин аввалин сафари Кулеба ба Чин аст, ки то 26-уми июл давом мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Русия мегӯяд, "75 паҳбоди украинӣ"-ро раҳгирӣ кард ва аз байн бурдАртиши Русия ба роҳҳои оҳан ва иншооти энергетикии Украина ҳамла кардЗеленский ва Трамп телефонӣ сӯҳбат карданд