Тарси афзоиши талоқ ва нимаятим шудани кӯдакон, ҳукумати Кӯлобро водор кардааст, то барои ба ифоқа овардани оилаҳои ноустувор чора андешад. Сол ба сол дар ин шаҳр шумораи оилаҳое, ки аз ҳам ҷудо мешаванд, афзоиш меёбад.
- Ҳар рӯз дар додгоҳи шаҳр зану шавҳареро мебинед, ки баъд аз муддати кӯтоҳи зиндагии якҷоя, панҷ-шаш сол бо ҳам ҷанҷолу даъво доранд ва аз додрас мехоҳанд, онҳоро ҷудо кунад.
Дар Тоҷикистон соли 2018 беш аз 8 ҳазор хонавода аз ҳам ҷудо шудаанд ва бисёре аз онҳо як ё ду фарзанд доштаанд.
"Раиси маҳалла медонад"
Дар тарафи дигар кӯдаконашон домани модарро гирифта, гиряву нола доранд ва ё аз падар мехоҳанд, ки ҷудо нашаванду бо онҳо бимонанд. Гоҳе ҷангу кашмакаш ва дашному ғавғоро мебинед ва маъмурони милисаро, ки хешовандони ду тарафро бо доду фарёд аз ҳам ҷудо мекунанд.
Хайруллои Амонулло, шаҳрдори Кӯлоб, чанде пеш дар як нишасти хабарӣ гуфт, супориш додааст, барои пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳо ва монеъ шудан ба талоқу ҷудоӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
“Дар ҳар кӯча ва деҳа кадом оилаи ноустувор аст, раиси маҳалла медонад. Оё намедонад, ки дар ин оила доим ҷангу ҷанҷол ва хусумат вуҷуд дорад ва оқибат ин оила пош мехӯрад? Барои ҳамин, мо бояд ин оилаҳоро бо суроғаҳояшон донем”, – гуфт ӯ.
Хайруллои Амонулло афзуд, феҳрасти маъюбон ва ятимон дар шаҳр дар рӯи мизаш ҳаст ва мехоҳад, айни феҳрасти оилаҳои ноустуворро дошта бошад, то роҳе барои аз байн бурдани нифоқ дар он оилаҳоро пайдо кунанд.
“Супориш додам, мисли ҳамин китобчаи ман рӯйхати оилаҳои ноустуворро тартиб диҳанд, ки эҳтимоли барҳам хӯрданашон зиёд аст. Ҳамроҳи онҳо кор кардан зарур аст. Мо набояд тамошобин бошем. Бояд донем, ки кадом оила дар садади пошхӯрӣ аст ва зуд пешгирӣ кунем”, - афзуд раиси шаҳри Кӯлоб.
Муҳоҷират - як сабаби афзоиши талоқ
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Издивоҷҳо бо оқибатҳои хатарнок барои ҷомеаи ТоҷикистонСабабҳои афзоиши талоқ ва ҷанҷолу даъво дар байни ҷуфтҳо дар шаҳр гуногун будааст. Кенҷамо Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, “муҳоҷирати корӣ як сабаби зиёд шудани талоқ дар шаҳр аст”.
Аз ин шаҳр ҳам мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳазорон нафар ба Русия барои кор мераванд ва на кам аз як сол аз ҳамсару фарзандон дур мемонанд. Баъзе аз ҷавонон ҳамсари рус мегиранду ба зиндагии беҳтар одат мекунанд ва дигар намехоҳанд, дар зодгоҳашон бимонанд.
Кенҷамо Маҷидова гуфт, аз рӯи ҳисоботи идораҳои сабти асноди расмӣ аксари заноне, ки бо ҳукми додгоҳ ҷудо шудаанд, ҳамсари собиқи муҳоҷири корӣ ҳастанд. “Мо сабабҳои ҷудо шудани 204 оиларо таҳқиқ кардем ва таҳлил нишон дод, ки сабаби ҷудоии бисёре аз онҳо муҳоҷирати корӣ аст”, – гуфт ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: “Аз занҳои тоҷики худ ҷудо шудаанд, то зани рус бигиранд”204 оила соли 2018 аз ҳам пошидаанд. Соли 2017 дар додгоҳи Кӯлоб ҳукми ҷудоии камтар аз 150 оиларо содир кардаанд. Баъзе аз мардони минтақа бо ин ҳадаф аз ҳамсаронашон ҷудо шудаанд, ки дар Русия бо зани дигаре издивоҷ кунанд ва шаҳрвандӣ бигиранд. Аммо ниҳояти кор ҷудоӣ аз хонавода будааст.
"Ваъда дод, ки шаҳрвандии Русияро гирад, якҷоя мешавем, аммо..."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ё хона, ё $5000" – Ҳукми подполковники муттаҳам ба дузанагӣСаъба, сокини Кӯлоб, яке аз чунин занон аст. Ӯ рӯзи 24-уми феврал ошкоро дар ин бора бо Радиои Озодӣ суҳбат кард: “Шавҳарам гуфт, барои дарёфти шаҳрвандии Русия бояд никоҳамонро бекор кунем. Ваъда дод, ки шаҳрвандӣ гирад, ҳама якҷо рафта, дар Русия зиндагӣ мекунем. Ман зуд бовар кардам ва қонунӣ ҷудо шудем. Бо ҳамин ду сол наомад. Баъд ҷавобамро дод.”
Ҳоло Саъба барои таъмини фарзандонаш дар як ошхона кор мекунад ва ба гуфтаи худаш сарсону саргардон аст. “Ман аз занон мехоҳам, ба ин роҳ надиҳанд, зеро бо фоҷиа меанҷомад”, – афзуд ӯ.
Афзоиши талоқ на танҳо хоси Кӯлоб, балки дигар манотиқи Тоҷикистон аст. Зиндагии якҷояи чанд оила дар як ҳавлӣ, камбизоатӣ, издивоҷҳои бармаҳал, афзоиши таваққӯи фарзандон аз чанд омилест, ки ба ҷудоӣ дар байни ҷуфтҳо мусоидат кардааст.
Дар Тоҷикистон соли 2018 беш аз 8 ҳазор хонавода аз ҳам ҷудо шудаанд ва бисёре аз онҳо як ё ду фарзанд доштаанд.
Ҳоло дар Кӯлоб мехоҳанд, бо "корҳои фаҳмондадиҳӣ" пеши роҳи талоқҳоро бигиранд. Корҳое, ки маълум нест, чӣ натиҷа медиҳад.