Равшан Аҳмадов, раҳбари “кӯҳна”–и бахши Ҳизби демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд имрӯз 28-уми март аз узвияти ин ҳизб расман даст кашид.
Ҷаноби Аҳмадов дар ин бора бегоҳии рӯзи 28-уми март як хабари расмие паҳн карда, як нусхаи он ва аризаи аз ҳизби демократӣ даст кашидани худро дар ихтиёри "Озодӣ" низ гузошт. Дар он гуфта мешавад, ки Равшан Аҳмадов, раиси феълии созмони ҲДТ дар вилояти Суғд “аз сабаби беадолатӣ дар сохтори ин ҳизб”, “пароканда кардани созмони суғдӣ” ва “масъулини созмони вилоятӣ таъин шудани собиқ аъзои хиёнаткори ин ҳизб” аз тарафи бахши марказии ҳизби демократӣ аз узвияти ин ҳизб “бо хоҳиши худ” даст кашидааст.
Ҷаноби Аҳмадов аз шарҳи бештари ин тасмимаш худдорӣ кард ва гуфт, ки вақташ хеле танг аст ва бояд барои бозпурсӣ дар назди мақомоти амният ҳозир шавад.
Равшан Аҳмадов моҳи апрели соли гузаштаи 2013 дар конфаронси бахши ҳизби демократӣ дар Суғд раҳбари бахши вилоятӣ баргузида шуда буд. Вале моҳи октябри соли гузашта замони интихоботи раисҷумҳурӣ ба ҷонибдорӣ аз номзади ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ - Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кунунӣ даъват кард. Дар ҳоле ки Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҲДТ низ ба ҳайси довталаби курсии раисумҳурӣ дар интихобот иштирок дошт. Ва ин иқдоми ҷаноби Аҳмадов байни ӯву дигар фаъолони ҳизби демократӣ дар вилояти Суғд рахна эҷод карда, боиси сар задани баҳсҳои тӯлонӣ байни ӯву раҳбарияти ҳизбаш ва бархе фаъолони ҳизби мазкур дар Хуҷанд гардид.
Баҳси сарони “нав”-у “кӯҳна”-и демократҳои Суғд то мақомот рафт
Абдуҷаббор Юлдошев, раҳбари “нав”-и бахши суғдии ҳизби мазкур рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран шӯрои сиёсии ҳизбаш аз “аъмоли ғайриқонунии Равшан Аҳмадов, раҳбари пешини бахши суғдии ин ҳизб ва ҳамроҳонаш” ба додситонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд шикоят бурданд.
Вай афзуд: “Шикояти мо аз он аст, ки Равшан Аҳмадов бо ҳамроҳонаш охири моҳи феврал ба дафтари ҳизбамон дар Хуҷанд аз тиреза дохил шуда, нишасти хабарӣ баргузор кард. Вай қаблан аз ҳизб хориҷ гашта буд ва ин корро бе иҷозат ва ғайриқонунӣ анҷом дод ва мо талаб дорем мақомот ба ин кор баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.”
Вай афзуд, мақомоти идораи корҳои дохилӣ ва амниятӣ Равшан Аҳмадову ҳамроҳонашро бозпурсӣ намуда, гуфтаанд, ба зудӣ онҳоро бо Юлдошеву ҷонибдоронаш рӯ ба рӯ хоҳанд кард.
Дар нишасти хабарии мазкур ҷаноби Аҳмадов ва ҷонибдоронаш таъйин шудани Абдуҷаббор Юлдошев ба раисии бахши суғдии ҳизби демократро дар моҳи декабри соли 2013 аз сӯи Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ин ҳизбро ғайриқонунӣ хонда, мухолифати худро ба он эълон дошта буданд. Онҳо мегӯянд, Аҳмадовро ҳамчун раҳбари бахш мешиносанд ва то интихоби нав дар соли 2018, фаъолияти худро зери раҳбарии вай идома хоҳанд дод. Равшан Аҳмадов моҳи апрели соли гузаштаи 2013 дар конфаронси вилоятӣ раҳбари бахши суғдии Ҳизби демократии Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Ҷаноби Аҳмадов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рафтани баҳсаш бо Юлдошевро тасдиқ кард ва гуфт аз бозгӯи ҷузъиёти баррасии қазия аз суи мақомот ҳоло худдорӣ мекунад. Вай афзуд: “Ман раиси бахши ҳизби демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд будам, ки соли гузашта конфаронси вилоятии ҳизбӣ интихоб карда буд. Ва ягон қонунро вайрон накардаам. Баръакс моҳи январ худи Юлдошев дари дафтари ҳизбро шикаста, худсарона қулфи нав зада буд. Ба ҳамон нишаст мо раҳбари ҳизб - Исмонову Юлдошевро даъват карда будем, аммо мутаассифона, ҳозир нашуданд, аммо имрӯз даъво пеш овардаанд. Зарур шавад, дар ҳар ҷо ман ба гапу корҳоям ҷавоб медиҳам.”
Саволи умда ин аст, ки оё баҳсу талошҳои дохилиҳизбии демократҳои Суғд аз сӯи мақомот ба хотири аз саҳнаи сиёсӣ рондани ҳизби демократӣ ва бо мушкилоти худ машғул доштани онҳо барангехта нашудааст? Вале сарони демократҳои Суғд ин эҳтимолро радд мекунанд ва мегӯянд, ин мушкили дохилиҳизбии худи онҳост, ки ба ҳалли он бо роҳи қонунӣ ва дар доираи низомномаи ҳизби худ талош доранд.
Ҳамин тавр, дар ҳоли ҳозир ва соле пеш аз интихоботи парлумонӣ, аъзои Ҳизби демократӣ дар вилояти Суғд, ки шумораи онҳо аз 300 то 800 нафар гуфта мешавад, ба ду гурӯҳ тақсим шуданд ва аз ду раҳбар ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо то ба ҳол ҳеҷ яке аз номзадҳои ин ҳизб дар ин минтақа дар сабқати интихоботӣ дастболо нашудааст.