Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи чаҳор нафарро, ки зери номи як созмони хайриявии дурӯғин маъюбонро дар чанд шаҳру ноҳия фиреб додаанд, анҷом додааст.
Ҳоло Ҳалима Раҳматова, Сайёҳат Соҳибназарова, Маҳмудҷон Носиров ва Билолиддин Мудинов бар асоси моддаи 247 қисми 4, яъне “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург”, муттаҳам мешаванд. Ин чаҳор нафар ба гурӯҳе аз маъюбони сокини шаҳри Душанбе, Нуробод, Сарбанд, Ҳисор, Рӯдакӣ, Кӯлоб ва Бохтар ба миқдори 3 килограм равған ва 50 сомонӣ дода, баъдан бо ваъдаи додани хона, мошини маъюбӣ ва равон кардан барои табобат аз 35 нафар беш аз 200 ҳазор сомонӣ мегиранд.
Тафтишот мегӯяд, ки ин афрод бо ваъдаи додани хона, мошини маъюбӣ ва фиристодан барои табобат, аз 35 нафар аз маъбон беш аз 200 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 19 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, се моҳи пеш танҳо бо як ҳолати қаллобӣ ин гурӯҳ боздошт шуд, вале баъдан маълум шуд, ки онҳо дар 35 ҳолати қаллобӣ даст доранд.
Ӯ гуфт: “Тарзи фаъолияти онҳо чунин будааст, ки аввал се литр равған ва 50 сомонӣ ба маъюбон дода, рақамҳои телефонашонро ба онҳо дода, ваъда мекардаанд, ки боз барояшон кӯмак мекунанд. Баъдан, ба онҳо мегуфтааанд, ки ба таври имтиёз ва бо нархи арзон барояшон хона, мошини маъюбӣ ва ё бо нархи арзон ба хориҷа ба табобат равон мекунанд. Аксари маъюбон аз наздиконашон пул қарз карда, ба онҳо додаанд."
Умарҷони Эмомалӣ афзуд, ки муфаттишони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон парвандаро пурра таҳқиқ карда, рӯзи 19 апрел онро ба суд ирсол карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин чаҳор нафар созмони хайриявии худро бардурӯғ “Мадад ба маъюбон” унвон карда, ҳатто мӯҳри қалбакӣ низ бо худ доштаанд.
Ғайюр, як маъюб аз ноҳияи Нуробод 19 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, чун онҳо мӯҳру имзо доштанд ва касе ба онҳо чизе намегуфт, ба ваъдаашон эътимод карданд. Ин нафар, ки маъюби гурӯҳи дуюм аст, мегӯяд, ба ӯ ваъда додаанд, ки танҳо бо супурдани 5 ҳазор сомонӣ барои табобат ба хориҷа фиристода мешавад: "Моро тобистони соли 2016 ваъда карданд, вале пулро гирифта ва бедарак шуданд. Мо ба милиса муроҷиат кардем ва баъдан пайдояшон карданд.”
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, танҳо дар ноҳияи Нуробод ин гурӯҳ 13 маъюбро бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ фиреб додаанд. Вакилони ин гурӯҳи чорнафара гуфтанд, ки ҳоло наметавонанд, бо расонаҳо сӯҳбат кунанд, чун инро “таъсиррасонӣ ба суд”, унвон мекунанд.
Аммо Раҳмат Қудратов, аз наздикони Сайёҳат Собиҳназарова 19 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол бовар надоранд, ки наздикашон ба чунин коре даст задааст. Ба гуфтаи Раҳмат Қудратов, "Сайёҳат бечора худаш маъюби гурӯҳи якум аст. Як вақт гуфта буд, ки дар кадом ташкилоте кор мекунад. Духтари ҷавон аст. 28-29 сола ҳаст, шояд касе фиребаш дода бошад."
Асадулло Зикрихудоев, раҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон 19 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари маъюбоне, ки мавриди фиреб қарор гирифтаанд, узви иттиҳодияи онҳо набуданд. Аммо ба гуфтаи ӯ, аксари маъюбон зудбоваранд ва зоҳиран дар ин қазия аз мӯҳтоҷии онҳо сӯистифода шудааст.
Ӯ гуфт: “Мо пас аз шунидани ин ҳодиса рақамҳоямонро ба намояндагиҳои маъюбон додем, ки дар чунин ҳолатҳо ба мо муроҷиат кунанд, чун мо мақомотро хабардор кунем. Соли гузашта як нафар ҳам пайдо шуд, ки аз номи маъюбон бардурӯғ маблағ ҷамъ мекард. Танҳо як нафари боздоштшудаҳо маъюб аст ва агар воқеан, ба чунин амал даст зада бошад, ҷои нигаронӣ дорад.”
Маъюбон дар ҷомеаи Тоҷикистон як қисми осебпазир маҳсуб меёбанд. Дар Тоҷикистон беш аз 31 ҳазор маъюб бо нафақаи маъюбӣ сабт ҳастанд, ки аксарашон бо нафақаи ками маъюби ба сар мебаранд.