Дар баъзе аз гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ дар Душанбе пайроҳаи махсусеро барои ҳаракати аробаҳои маъюбӣ гузоштаанд. Аммо маълулон мегӯянд, ин пайроҳаҳо на ҳамеша барои фаромадану баромадан муносиб аст. Мақомот мегӯянд, барои расидагии бештар ба мушкили маъюбон дар як роҳи зеризаминии пойтахт аввалин лифтро дуруст мекунанд.
Хосима Аюбзодаи 27-сола аз пойи равон маҳрум аст ва бо аробаи маъюбӣ гаштугузор мекунад. Вай хатмкардаи донишгоҳ аст ва дар вақтҳои холигиаш китоб ҳам менависад. Аммо мегӯяд, ба далели онки шароити роҳу нақлиёт барояш муносиб нест, бештари вақти худро дар хона ва дур аз чашми ҷомеа мегузаронад.
Ин сокини Душанбе то панҷ соли пеш бо пойҳои худ ҳаракат мекард, вале дар пайи бемории "заъфи устухон" дигар роҳ гашта наметавонад.
Гаштугузори мо бо Хосима дар кӯчаҳои марказии пойтахт, аз ҷумла дар назди гузаргоҳҳои зеризаминӣ нишон дод, ки ӯ бе кумаки нафаре наметавонад сайругашт кунад. «Чӣ тавре дидед, пайроҳае, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ сохта шудааст, натанҳо барои ман хатарнок аст, ҳатто барои нафаре, ки аробаи маро меронад, ҳаракат крадан душвор аст,» -- гуфт ӯ рӯзи 20-уми январ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хосима бо кумаки одамони атроф аз гузаргоҳи зеризаминӣ убур мекунад, ки барояш нохушоянд аст. То чанд соли пеш дар гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахти Тоҷикистон пайроҳаи вижае барои ҳаракати аробаҳои маъюбон набуд. Ин кор бо тавсия ва дар пайи танқидҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи маълулон сурат гирифтааст.
Хуршед Исматов, сокини 24-солаи пойтахт, низ аз пойи равон маҳрум аст. Ӯ, ки бо аробаи маъюбӣ роҳ меравад, барои поин шудан аз пайроҳаҳо дар гузаргоҳи зеризаминӣ ҷуръат намекунад. "Дар вақти фаромадан ё баромадан мумкин аст аробаи ман чаппа шавад. Нишебии он аз ҳад зиёд аст. Масофа барои чархи аробачаҳо ҷавобгӯ нест," – афзуд ӯ.
Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки гаштугузори маълулон дар кӯчаву хиёбон, иншооти маишӣ, тиббӣ ва фароғатии Душанбе хеле сахт будааст. Мусоҳибони мо мегӯянд, натанҳо пайроҳаи гузаргоҳҳои зеризаминӣ, балки дар роҳравҳои маъмулӣ низ на ҳамеша шароити роҳ барои онҳо вуҷуд надорад.
Ба ин монанд, ҷойҳои фарҳангӣ, боғҳо, биноҳои навсохт низ аз ин мушкилӣ холӣ нестанд. Барои намуна, дар роҳҳои пиёдагард аз назди "Осорхонаи миллӣ" то "Боғи ҳайвонот" мушоҳида кардем, барои афроде, ки бо аробаи маъюбӣ равуо мекунанд, имкони ҳаракат кардан вуҷуд надорад. Зеро онҳо наметавонанд бо ароба аз зинаҳо поин шаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз журналистон хостанд, ки маъюбонро "бадбахт" тасвир накунанд. ВИДЕОМасъулони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе мегӯянд, ҳангоми қабули иншооти нав шаҳрдорӣ ба сохтмони пайроҳа барои маъюбон аҳамият медиҳад. Ба қавли як ҳамсуҳбати мо дар ин идора, “дар ҳайати комиссияи қабули иншооти нав намояндаи ҷамъияти маъюбон иштирок мекунад ва худи маълулон онро дар амал месанҷанд».
Ҷамъияти маъюбони Тоҷикистон борҳо гуфта буданд, ки афроди маъюб аз шароити одитарин дар роҳҳо, гузаргоҳҳо ва истифода аз васоити нақлиёт маҳруманд ва бинобар норасоии ҷисмӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мебошанд. Баъди садо додани интиқодҳо, дар талоше барои осон кардани равуои маъюбон дар шаҳр, мақомоти Тоҷикистон ба бунёди аввалин лифт дар роҳи зеризаминӣ оғоз кардаанд.
Қарор аст аввалин гузаргоҳи зеризаминии дорои лифт дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Зарнисори пойтахт сохта шавад. Қаҳрамонҳои гузориши мо Хосима ва Хуршед мегӯянд, агар сохтани лифт дар гузаргоҳҳои муосири зеризаминӣ ба инобат гирифта шавад, имкон дорад як мушкили онҳо бартараф гардад.
Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҳамчун маъюб ва имконияташ маҳдуд ба сар мебаранд ва аз ин шумора 30 ҳазор нафар савори аробаи маъюбӣ будаанд.
Ҳуқуқ ва имтиёзҳои ин афродро қонуну санадҳои маҳаллӣ "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", Консепсияи миллии маълумоти инклюзивӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва Қоидаҳои таъмини маъюбон бо муолиҷа дар шифохонаҳо, таъйин ва танзим мекунад. Аммо ин қонунҳо, ба гуфтаи худи маъюбон, имтиёзҳои ночизе, чун истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ, раҳоӣ аз пардохти андози наздиҳавлигӣ ва пардохти нисфи пули телефони хонагиро фароҳам месозад.