Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мақомоти тоҷик хостанд, ба маъюбон мансабу "квота" диҳанд


Баъзе аз ниҳодҳои Тоҷикистон аз ҳукумат хостаанд, ки барои роҳ ёфтани теъдоди зиёди маъюбон ба идора ва мақому мансабҳои давлатӣ расман “квота” ҷудо кунад ё имтиёз бидиҳад. Аз ҷумла, идораи Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як пешниҳоди худ ба мақомот гуфтааст, то охири соли 2017 дувоздаҳ маъюб ҳамчун хидматчии давлатӣ сабт шудаанд, ки "шумораи хеле кам аст".

Мониторинги охири мо, ки сифати кори хизматчиёни давлатиро санҷид, муайян кард, бисёре аз хизматчиёни давлатӣ бинобар маъюбӣ ва ё пиронсолиашон аз ӯҳдаи иҷрои вазифашон дуруст намебароянд.

Ба иттилои идораи Омбудсмен, "аз инҳо чаҳор нафар маъюби гуруҳи 2 ва ҳашт тани дигар маъюби гуруҳи 3 ҳастанд. Маълумоти мазкур далели он аст, ки шумори маъюбон дар мақомҳои давлатӣ хеле кам мебошанд."

Як намояндаи Омбудсмен рӯзи 26-уми август гуфт, ин пешниҳод дар шакли маърӯза ироа шуда ва ҳадафаш беҳбуд бахшидани вазъи ҳуқуқии маъюбон аст.

Аз ин пеш бархе аз намояндагони ҷомеаи маъюбон дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки мехоҳанд вакили мардумӣ бошанд, вале ҳанӯз шароити зарурӣ дар ихтиёр надоранд ва қонунгузории кишвар низ барои чунин афрод имтиёз пешбинӣ накардааст. Ҳарчанд дар Қирғизистон ду маъюб узви порлумони кишвар ҳастанд ва барои афроди имконияташон маҳдуд қонунгузорӣ саҳмияҳоеро барои интихоб шуданашон ба вакилӣ пешбинӣ кардааст.

Ин пешниҳодҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки се сол қабл даҳҳо сокини маъюби Тоҷикистон, ки дар баробари кор дар идораҳои расмӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, ё аз ҷои кор ваё аз нафақаашон маҳрум шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ин афрод бояд байни нафақаи маъюбӣ ва кор якеро интихоб кунанд.

Мақомот далели аз вазифа озод кардани мансабдоронеро, ки нафақаи маъюбӣ ва пиронсолӣ мегиранд, барои ҷалби ҷавонон ба хидмати давлатӣ ва беҳтар кардани сифати кор дониста буданд.

Грез Қосимзода
Грез Қосимзода

Гурез Қосимзода, муовини аввали раиси Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон, он вақт гуфта буд, “ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, аммо мониторинги охири мо, ки сифати кори хизматчиёни давлатиро санҷид, муайян кард, бисёре аз хизматчиёни давлатӣ бинобар маъюбӣ ва ё пиронсолиашон аз ӯҳдаи иҷрои вазифашон дуруст намебароянд.”

То соли 2015 дар сафи хидматчиёни давлатӣ ҳудуди 400 мақомдоре кор мекардаанд, ки бар иловаи маошашон аз тарафи давлат нафақа дарёфт менамуданд. Аз ин ҳисоб беш аз 100 нафарашон нафақаи пиронсолӣ ва боқимонда нафақаи маъюбӣ мегирифтанд.

Тоҷикистон имсол эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳимоя аз ҳуқуқи маъюбонро имзо кард ва бо ин дар қалби садҳо нафар шӯълаеро барафрӯхт, ки шояд акнун дар кишвар ба ин қишр таваҷҷӯҳ бештар шавад, ҷойу роҳҳои махсус бунёд ёбанд ва кумаки молии давлат низ афзоиш ёбад.

Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон теъдоди маъюбон то 15 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад ва ҳеҷ монеае барои кору таҳсил ва фаъолияти онҳо вуҷуд надорад. Дар Тоҷикистон низ қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки то 5 дарсади кормандони корхонаҳо ва муассисаҳо бояд аз ҷумлаи афроди маъюб истихдом шаванд.

Муқаррароте, ки ба гуфтаи маъюбон на ҳамеша риоят мешавад.

XS
SM
MD
LG