Дилшод Шарифов ба ҷои Сӯҳроб Зафар раҳбари "Гурӯҳи 24" шуд

Дилшод Шарифов

Дилшод Шарифов, узви собиқадори "Гурӯҳи 24", раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон интихоб шуд. Фаъолияти "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистон мамнуъ ва экстремистӣ дониста шудааст, аммо ниҳодҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА намояндагони онро ба маҳфилҳои худ даъват мекунанд.

Интихоби роҳбари нави "Гурӯҳи 24" рӯзи 1-уми декабр бо ширкати се довталаб – Дилшод Шарифов, Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор – гузашт.

Беҳрӯз Тағойзода, масъули бахши иттилооти “Гурӯҳи 24”, рӯзи дувуми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “аксар аъзои ҳаракат (беш аз 76 дарсад) ба Дилшод Шарифов раъй доданд.” Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ҳар яке ҳудуди 12-дарсадии овозҳоро ба даст овардаанд.

"Гурӯҳи 24" низ дар баёнияи алоҳида интихоби раҳбарашро маъракаи “муҳими дохилӣ” номида, гуфт, “он бо риояи меъёрҳои мардумсолорӣ сурат гирифт”. “Мубориза барои озодӣ ва адолати иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон” барномаи раҳбари нави ҷунбиш эълон шудааст.

Тайи ним соли охир, баъди дар Туркия нопадид ва сипас дар Тоҷикистон дастгиру зиндонӣ шудани Сӯҳроб Зафар, раёсати “Гурӯҳи 24”-ро Ҳусейн Ашӯров бар уҳда дошт. Дилшод Шарифов тайи ин муддат муовини ӯ буд.

Дилшод Шарифов 54-сола аст ва аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд. Дар гузашта дар мақомҳои масъули бахши иттилоот, кадр ва кумитаи иҷроияи “Гурӯҳи 24” кор кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2023, пас аз тазоҳуроти намояндагони мухолифон ба зидди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин, баъзе аз хешовандони ӯро дастгиру бозпурсӣ карда буданд.

“Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст.

То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри имсол Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро ба 30 сол зиндон маҳкум кард. Насимҷон Шарифов, узви ҳамин созмон, 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Мақомот ҳардро ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат гунаҳкор донистанд, аммо онҳо ҳукмро напазируфтанд.