Сокинони Душанбе шояд зиёд аҳамият надиҳанд, вале ба чашми сайёҳони хориҷӣ зуд меафтад, ки дар Тоҷикистон либоси мардум ва махсусан занон ба чандин сабку тарҳ аст. Бархе ба муди аврупоӣ бартарӣ медиҳанд, бархе ҳам ба ҳиҷоби исломӣ, савумиҳо ба либоси миллӣ ва чаҳорумиҳо ба омехтае аз сабкҳои мухталиф.
Онҳое, ки ба ин ё он навъи либос бартарӣ медиҳанд, барои худ далели муайяне доранд. Вале бо мазҳабитар шудани ҷомеа сарулибоси исломӣ то рафт ҷойгоҳи либосҳои миллӣ ва аврупоиро тангтар мекунад. Шояд ба ин сабаб занон ҳарчӣ бештар таблиғ мешаванд, ки аз либоси миллии тоҷикӣ истифода кунанд. Ба дунболи даъватҳои фаъолони зан, намояндагони дин ва фарҳангшиносону тарроҳон ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ пӯшишҳои сиёҳи исломиро танқид кард ва онҳоро “хатарзо” номид.
Ба дунболи ин тақозои раиси ҷумҳур, аз дуконҳо либосиҳои махсусан сиёҳи исломӣ нопадид шудаанд. Тоҷирони ин дуконҳо аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки либоси миллӣ акнун бештар хоси ҷашнҳои мардумӣ гаштааст ва дӯстдорони он аз фаромӯш шудани атласу чакан сӯҳбат мекунанд. Аз сӯе ҳам муди аврупоӣ низ, ки барои тоҷикон либоси бегона унвон мешавад, ҷонибдорӣ зиёд дорад ва ҳамчун эътирозе ба либоси мазҳабӣ намудор мегардад. Яке нимурён ва дигаре сахт пӯшида.
Ҳамчун роҳи миёна либоси миллӣ шанси зиёд дорад, ки ҷойгоҳи асили худро дар ҷомеа пайдо кунад, вале бо вуҷуди афзоиши он, тарроҳӣ ва тавлид он ба сатҳе нарасидааст, ки таваҷҷӯҳи густардаи бонувонро ба худ ҷалб кунад.
Фарҳангшиносон ҳарчанд эътироф мекунанд, ки либоси миллӣ ба хубӣ метавонад ҳам майли мазҳабӣ ва ҳам дунявиро бозгӯ кунад, бо назардошти озодии завқу салиқа ин либос бояд тавре сохта ва пешкаш шавад, ки дили ҳамагонро барад ва ба таблиғ ниёз надошта бошад. Аммо назари Шумо чист?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад