Акнун муд шудааст, ки даҳҳо зани эронӣ аксҳои беҳиҷоби худро дар сафҳаи нав дар шабакаи «Фейсбук» нашр кунанд. Ва дар ҳамин ҷо розҳои худро нависанд, ки дар лаҳзаҳои озодӣ аз ҳиҷоб чӣ эҳсосоте ба онҳо даст медиҳад.
Сафҳаи «Озодиҳои махфии занони эронӣ», бино бар гуфтаи маъмурони он, ба ягон ҷунбиши сиёсӣ пайванд надорад. Дар он талош мешавад, мушкилоти бонувони эронӣ дар робита ба маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ бюаррасӣ шавад.
Ҳамаи аксҳое, ки дар ин сафҳа нашр мешаванд, ба гуфтаи раҳбарони он, аз тарафи заноне фиристода шудаанд, ки дар ҳамаи гӯшаву канори Эрон ба сар мебаранд. Сафҳае, ки рӯзи 3-юми май таъсис ёфт, аллакай 27 000 аломати «писанд»-ро гирифт.
«Ин акси ман аст дар маркази варзишии «Ёс», -- менависад зане, ки зери шиори таблиғи ҳиҷоб акс гирифтааст. «Чунин шиору лавҳаҳо дар Эрон зиёданд ва дар онҳо аз занон даъват мешавад, шароити либоси исломиро риоят кунанд, ки гуфта мешавад, барои ҳифзи занон ва шарафи онҳо зарур аст. Оё мақомот ягон бор фикр кардаанд, ки чаро дар назди ин шиор занон ба ҷои пӯшидани ҳиҷоб онро канор меафкананд?»
Зерхатти акси зане дар харобаҳои Персеполис ин аст: «Чанд сонияи озодӣ».
Баъд аз инқилоби соли 1979 ва таъсиси Ҷумҳурии Исломӣ ҳиҷоб дар Эрон ҳатмӣ шуд. Акнун зиёда сӣ сол аст, ки занони эронӣ маҷбуранд, ҳиҷоб пӯшанд. Баъзе ихтиёран ҳиҷоб мепӯшанд, вале бархи дигар аз тарси полис, ҷарима ва ҳабс.
Заноне, ки бе ҳиҷоб аз худ акс гирифта ва дар ин сафҳа нашр кардаанд, мумкин аст, барои поймол кардани қонун таъқиб ва ҳабс шаванд. Вале, зоҳиран, онҳо аз ин парвое надоранд. Ба назар мерасад, лаҳзаҳои кӯтоҳи озодӣ ва саркашӣ ба онҳо шодӣ меорад.
Духтаре аз шаҳри муҳофизакори Исфаҳон дар зери аксаш, ки гарданбанди гулобияш дар фарози кӯҳ парафшон аст, менависад, «нигоҳ»-и бархе аз мардҳо бадтар аз бархӯрди полиси ахлоқ аст, ки ҳиҷоби занонро назорат мекунад.
«Ба онҳое, ки мегӯянд, агар ҳиҷобро қабул надорам, бояд кишварро тарк кунам, инро мерасонам, ки ман бо хости худ ҳиҷоб напӯшидаам. Ман мехоҳам, дар кишвари худам озод бошам.»
Зане аз Табрез, дар шимолу ғарби Эрон, бе ҳиҷоб дар сари қуллае истодааст. Вай менависад, навозиши бодро дар сари зулфҳои худ ҳис мекунад. Ва меафзояд: «Мо умедворем, ки озодӣ пинҳонӣ нахоҳад монд.»