Дидори Путин ва Раҳмон. Чаро дар бораи муҳоҷирон ҳарфе садо надод?

Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Роҳбарони Тоҷикистон ва Русия рӯзи 24-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот ва дар бораи афзоиши додугирифти ду кишвар, мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, амният дар минтақа ва бурсия барои донишҷӯён суҳбат карданд.

Владимир Путин аз он тавсиф кард, ки Русия дар садри рӯйхати шарикони тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад ва додугирият миёни ду кишвар зиёд мешавад. Президенти Русия ҳамчунин гуфт, Маскав барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ солона то ҳазор квота барои таҳсил ҷудо мекунад ва ин шумораро бештар хоҳад кард.

Мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва фиристодани омӯзгорон аз Русия яке аз мавзуъҳои асосии суҳбати Путин ва Раҳмон дар назди хабарнигорон буд. Президенти Русия гуфт, феълан 72 омӯзгор аз Русия дар Тоҷикистон кор мекунанд ва соли оянда шумораи онҳоро ба 82 кас мерасонанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба ҷуз мактабҳое, ки аз тарафи Русия сохта шудаанд, инчунин, дар 4,5 ҳазор мактаб дар кишвар забони русиро таълим медиҳанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Путин ҳамчунин ба баррасии мавзуъҳои амният дар минтақа таъкид кардааст. Раҳмон гуфт, амният дар минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро низ нигарон кардааст.

Аммо дар матни суҳбати аввалияи роҳбарони Тоҷикистон ва Русия ва ҳам хабарномае, ки сомонаи президенти Тоҷикистон нашр кард, ишорае ба мавзӯи муҳоҷирон нест. Қаблан Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия гуфта буд, ки мавзӯи муҳоҷират ҳатман дар дидори Путин ва Раҳмон баррасӣ хоҳад шуд.

Ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин “ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.”

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми декабр барои вохӯрӣ бо Владимир Путин ва ҳам ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба Русия рафта буд. Соли оянда раёсати ин созмони зери нуфузи Русия ба Тоҷикистон мегузарад.