Боздошти боз ду мақоми баландпояи Оҷонсии зиддифасод. ВИДЕО

Ҷамолиддин Муҳаммадзода

Ҷамолиддин Муҳаммадзода ва Фирдавс Ниёзбадалов, ду мақоми дигари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Азия Плюс" рӯзи 25 апрел бо такя ба манобеи худ хабар дод.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Давлатбек Хайрзода – муовини собиқи раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон – низ дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми парвоз ба Русия, боздошт шудааст.

Ҷамолиддин Муҳамамадзода қаблан дар мақоми раиси Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон кор карда, моҳи декабри соли гузашта сардори раёсати ташкиливу нозиротӣ дар дафтари марказии Оҷонсӣ таъин шуд. Вай дар соли 2013, замоне ки Оҷонсӣ алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов парванда боз кард, раёсати тафтишотии ин ниҳодро бар ӯҳда дошт

Номи Фирдавс Ниёзбадалов, яке аз муфаттишони парвандаи Зайд Саидов, чандин бор ба далели "бархӯрди номуносибаш" бо вакилони дифоъ расонаӣ шудааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили зиндонии Зайд Саидов, соли 2013 шикоят карда буд, ки дар ҳузури зерҳимояаш Ниёзбадалов ӯро латту кӯб намуда, дашномҳои қабеҳ додааст. Инчунин, Ниёзбадалов тафтиши парвандаи Фахриддин Зокиров, яке аз дигар адвокатҳои собиқи Зайд Саидовро, ки тобистони соли 2014 боздошт шуда буд, пеш мебурд.

Давлатбек Хайрзода

Дар ҳамин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Давлатбек Хайрзода – муовини собиқи раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон – низ дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми парвоз ба Русия, боздошт шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 25 апрел гуфтанд, ки боздошти Хайрзода чаҳор рӯзи пеш аз сӯи мақомоти амниятӣ сурат гирифта, рӯзи гузашта Додситонии кулл алайҳи ӯ ва ду ҳамкори собиқаш бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "қаллобӣ" айб эълон кардааст.

Бинои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 25 апрел аз боздошти Давлатбек Хайрзода изҳори беиттилоӣ карда, вале гуфтанд, ки ӯ як моҳ пеш ба нафақа баромада буд. Давлатбек Хайрзода моҳи марти соли 2015 муовини раиси Оҷонсии зиддифасод таъин шуд.

Манобеъ мегӯянд, дар ду ҳафтаи ахир беш аз 10 мансабдори собиқ ва феълии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда, вале то кунун расман алайҳи чаҳор нафари онҳо айб эълон гардидааст.

Навор инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти як идда мансабдорони собиқ ва амалкунандаи идораи мубориза бо фасод

Ду ҳафта қабл, Фирӯз Холмуродзода – муфаттиши калони Оҷонсии зиддифасод ҳам боздошт ва алайҳи ӯ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "қаллобӣ" ва "суистифода аз мақом" – парванда боз шудааст. Масъулони Оҷонсии зиддифасод рӯзи 24 апрел боздошти Фирӯз Холмуродзодаро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ба хотири халал ворид накардан ба раванди тафтишот аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд.

Фирӯз Холмуродзода

Фирӯз Холмуродзода, сардори гурӯҳи тафтишотии қазияҳои соҳибкори зиндонӣ - Зайд Саидов буд ва аз аввал то лаҳзаи боздошташ ин вазифаро иҷро мекард.

Ин бори аввал нест, алайҳи кормандони Оҷонсии зиддифасод, ки масъули мубориза бо ин падида дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳастанд, парванда боз мешавад. Қаблан як масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, кормандони Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар бархе ҳолатҳо худ даст ба фасод мезананд ва шояд танҳо 5 дар сади онҳо вазифаҳои худро содиқона анҷом диҳанд.