3 "ҷосуси сабукпо"-и Душанбе дар Узбакистон?

Марзи Тоҷикистону Узбакистон

Расонаҳои Узбакистон навиштаанд, ки ин кишвар ҳанӯз дар тобистони соли 2013 се хонумро бо ҷурми ҷосусӣ барои Тоҷикистон 14-солӣ ҳукми зиндон додааст.
Бино ба гузориши расонаҳои Узбакистон, гӯё ин се хонум «бо истифода аз сабукпоӣ» дар минтақаи Сурхондарёи ин кишвар, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, маълумотҳои махфиро барои Тоҷикистон ҷамъоварӣ мекардаанд. Гуфта мешавад, онҳо бештар асрори ҳарбиро аз кормандони қисмҳои ҳарбӣ ҷамъоварӣ мекардаанд. Ҷузъиёти парвандаҳои ин се "ҷосуси сабукпо"-ро аз ҷумла хабаргузории 12news.uz - рӯзи 3-юми апрел нашр кардааст.

Ному насаби ин се зан - ду шаҳрванди Узбакистон Хуршида Бобоҷонова, Нигора Қодирова ва як узбактабори шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Марҳамат Пӯлотова гуфта мешавад. Ба навиштаи 12news.uz, ҳарсе хонум ҳанӯз дар тобистони соли гузашта бо ҳукми додгоҳ ба зиндон маҳкум шудаанд ва нашри ин хабар дар расонаҳои Узбакистон баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. 12news.uz менависад, додгоҳи вилояти Сурхондарё ҳанӯз рӯзи 3-юми июли соли 2013 ин се нафарро бар асоси моддаи 157 ва 160-и кодекси ҷиноии Узбакистон (хиёнат ба ватан)14-солӣ равонаи зиндон кардааст.

Ба навиштаи нашрияҳои Узбакистон, дар доми занҳои «ҷосус» кормандони додситонӣ, милиса ва тоҷикистониёне, ки ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ кишвари худро тарк карда, дар ин минтақаи Узбакистон сукунат мекунанд, меафтоданд. Ин тоҷикистониҳо асосан ҷангиёни собиқи Фронти халқианд, ки дар соли 1997 таҳти фармондеҳии сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев алайҳи ҳукумати кунунӣ ошӯб бардоштанд ва баъди шикасти ин ошӯб ба он сӯи марз паноҳ бурданд.

12news.uz менависад, ки «бо супориши ҷониби Тоҷикистон хонумҳо натанҳо маълумоти матнӣ, ҳатто аксу сураттҳои бо дастгоҳи акксосӣ гирифтаро ҳам дар ихтиёри мақомоти тоҷик медодаанд.»

Бино бар ин манбаъ, ин 3 зан дар солҳои 2010-2011 дар шаҳраки Шаргуни Сурхондарё қаҳвахонаи хусусӣ ташкил кардаанд, ки муштариёнашон аслан кормандони мақомоти қудратӣ, аз ҷумла афсарони ҳарбӣ будаанд. Дар аввал бо ҳар роҳу восита ба дили муштариён роҳ ёфта, баъд дарди дили онҳоро мепурсидаанд, ки ба гуфтаи мақомоти узбак, ин ҷамъоварии маълумот барои мақомоти махсуси Тоҷикистон будааст.

Хабаргузории 12news.uz менависад, ки Нигора Қодирова, яке аз маҳкумшудаҳо вақте зери назари мақомоти тоҷик меафтад, ки соли 2006 дар Душанбе бо ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад дастгир шуд. Баъд аз ин мақомоти тоҷик бо Қодирова вориди муомила шуда, то лаҳзаи дасгир шуданаш аз вай маълумотҳои махфӣ мегирифтаанд.

Дар гузашта ҳам дар бораи дар Узбакистон бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистон боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудани афрод гузоришҳо нашр мешуд. Вале барои бори аввал аст, ки дар бораи истифодаи Душанбе аз танфурӯшон ба ҳайси василаи ҷосусӣ дар қаламрави кишвари ҳамсояаш гузориш мешавад.

Бо ин ҳол, баъди 9 моҳ нашр шудани ҷузъиёти парвандаи ин 3 "ҷосус"-и зан, ки гӯё бо танфурӯшӣ барои мақомоти амниятиии Тоҷикистон иттилоъ ҷамъ мекардаанд, суолҳоеро дар шабакаҳо эҷод кардааст. Корбарони тоҷик пахши ин хабарро, ки аслан номи ҳеҷ мақомоти узбак бурда намешавад, идомаи ҷанги итилоотӣ медонанд, ки расонаҳои Узбакистон чанд сол боз онро идома медиҳанд.

Аммо ба пахши ин хабар мақомоти тоҷик вокунише ҳанӯз нишон надодаанд.