Омбудсмен ё худ Ваколатдори ҳуқуқи башари Қирғизистон пас аз сафараш ба Душанбе, тақозои истирдоди Муҳаммадӣ Салимзода, табааи тоҷиктабори Қирғизистонро кардааст, ки бо гуноҳи ҷосусӣ ва қасди сарнагун намудани давлати Тоҷикистон, ба муддати 29 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Турсунбек Акун, ваколатдори ҳуқуқи башари Қирғизистон рӯзи 2-юми май дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 20 тан аз шаҳрвандони Қирғизистон давраи ҷазои худро паси сар мекунанд, ки аз ҷумла Муҳаммадӣ Салимзода барои 29 сол маҳкум шудааст ва бояд идомаи давраи ҷазоро дар маҳбаси Қирғизистон идома диҳад.
Турсунбек Акун зикр кардааст, ки рӯзи 30-юми апрел дар Душанбе бо сафири Қирғизистон дар ин робита суҳбат доштааст ва бо мусоидати сафорат масъалаи истирдоди 20 шаҳрванди кишвари худ, аз ҷумла Муҳаммадӣ Салимзодаро дархост хоҳад кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 Муҳаммадӣ Салимзода, табааи тоҷиктабори Қирғизистонро, бо гуноҳи ҷосусӣ ва қасди сарнагун намудани давлати Тоҷикистон, ба муддати 29 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.
Ба қавли наздикони Салимзода, як иттиҳоми эълоншуда алайҳи ӯ ин будааст, ки вай тариқи SMS дар бораи нооромии авзои сиёсии Тоҷикистон дар тобистони соли 2009 ба хориҷ аз Тоҷикистон маълумот фиристодааст.
Муҳаммадӣ Салимзода, то соли 1992 дар мақомоти амниятии Тоҷикистон фаъолият намуда, сар аз соли 1993 ҳамроҳ бо оилааш зиндагиро дар Қирғизистон ихтиёр кардааст. Шаҳрвандии ин кишварро пазируфта, то замони бознишаста шудан дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар адои хидмат кардааст. Айни ҳол пайвандонаш дар Бишкек - пойтахти Қирғзистон ба сар мебаранд.