Даври дуюми интихоботи Фаронса

Нуқтаи овоздиҳӣ дар шаҳри Лиони Фаронса, 7 июл

Дар Фаронса даври дуюми интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад.

Дар Фаронса рӯзи 7-уми июл даври дуюм ва ниҳоии интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад ва бояд маълум кунад, ки то кадом андоза дар ҷомеаи ин кишвар пуштибонӣ аз нирӯҳои ростгаро зиёд ё кам аст.

Овоздиҳӣ соати 8-и субҳи якшанбе шурӯъ шуд ва беш аз 49 миллион нафар ҳақи овоз додан доранд. Интизор меравад, ки натиҷаҳои интихобот шоми дери якшанбе нашр мешаванд.

Яке аз саволҳои асосии интихобот ин аст, ки то куҷо Марин Ле Пен – раҳбари нирӯҳои миллитгаро, к ибо муҳоҷирбадбиниаш маъруф аст, метавонад дар парлумон аксари курсиҳоро ба даст оварад ё на.