Даъвати Украина аз Созмони Милал ва Салиби Сурх

Андрей Сибиҳа, вазири корҳои хориҷии Украина

Украина аз Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх хост, нозирони худро ба дидани қаламравҳое фиристанд, ки дар ҳамлаи шашҳафтаинааш ба вилояти Курски Русия зери назорат даровардааст.

Ин даъват рӯзи 16-уми сентябр садо дод.

Киев мехоҳад, риояи қонунҳои башардӯстонаро дар минтақаҳои таҳти назораташ дар Русия нишон бидиҳад.

Маскав ин иқдомро “иғво” номид. Сухангӯйи Владимир Путин, президенти Русия, ибрози боварӣ кард, ки Созмони Милал ва Салиби Сурх даъвати Украинаро намепазиранд.

Андрей Сибиҳа, вазири корҳои хориҷии Украина, гуфт, “Украина омода аст, пойбандии худро ба қонунҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ собит кунад.”

Вай афзуд, “нерӯҳои дифоии Украина аз рӯзи аввали амалиёти Курск пойбандии комили худро ба қонуҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ нишон доданд ва убури кумакҳои башарӣ ва гузаштани амни ғайринизомиёнро тазмин карданд.”