Даъват ба таҳрими интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон

Шарофиддин Гадоев

Як созмони мухолифи ҳукумат ба таҳрим ё бойкоти интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон даъват кардааст. Вокуниши мақомот ҳанӯз маълум нест.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Ҳолланд, интихоботро дар Тоҷикистон "раванди сохташуда" номид, ки "ҳадафи асосии он ҳифз ва қонунигардонии ҳокимияти худкома аст".

"Дар шароити нобудсозии пурраи ниҳодҳои демократӣ, набудани рақобати сиёсӣ ва саркӯби шадиди озодиҳои шаҳрвандӣ, ин намоишро наметавон як раванди интихоботии демократӣ номид," – гуфт Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиш, рӯзи 10-уми феврал.

Ба қавли ӯ, "интихоботе, ки бе рақобати воқеӣ, дар шароити сензураи комил, тарсонидани шаҳрвандон ва набудани назорати мустақил баргузор мегардад, қонунӣ ҳисобида намешавад."

Бори аввал нест, ки интихоботҳоро дар Тоҷикистон таҳрим мекунанд. Ҳизби сотсиал-демократ дар соли 2020 баргузории интихоботи президентиро ғайриқонунӣ номида, бойкот кард.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон дар панҷ сол як бор баргузор мешавад. Интихоби вакилон ин навбат дар рӯзи 2-юми марти имсол дар назар гирифта шудааст.

Шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки яке ҳизби ҳоким ва боқимонда ошкоро сиёсати ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунанд, номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд. Ҳизби сотсиал-демократ на анҷуман баргузор кард, на номзаде пешниҳод намуд.

Дар ҳоли ҳозир аз 63 курсии порлумон 47 курсӣ дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳизби кишоварзӣ 7 курсӣ, коммунистӣ ду намоянда ва Ҳизби сотсиалист як курсӣ дорад. Ягона намояндаи Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода буд, ки бо гуноҳи "талош барои табадуллоти давлатӣ" 27 сол зиндонӣ шуд.