Даъват ба артиш оғоз шуд. Бо ё бе "сарбозшикор" мегузарад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми август бо имзои фармоне даъвати тирамоҳиро ба артиш эълон кард. Тибқи он, ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба сарбозӣ мебаранд. Сокинон солҳо боз аз “сарбозшикор”-у зӯроварӣ шикоят мекунанд. Мақомот мегӯянд, ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбӣ намеоянду барои фирор аз хидмат ба Русия мераванд. Ин навбат чӣ хоҳад шуд?