"Даромади мард кам шавад, ҳамон қадар аз оила гап мешунавад"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар нимаи аввали соли равон 278 мард аз хушунати хонаводагӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оила шикоят кардаанд. Шумораи мардоне, ки аз озори ҳамсарон арз кардаанд, назар соли гузашта 61 маврид бештар аст. Албатта мақомот мегӯянд, дар ҷомеаи Тоҷикистон аксаран занон ба зӯроварӣ дар оила рубарӯ мешаванд ва баъзан барои ҳифзи оила хомӯш меистанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки чаро шикояти мардон аз рафтори ҳамсаронашон зиёд шудааст?