Таърихдони шинохтаи тоҷик Саидмурод Бобомуллоев рӯзи 16-уми декабр бар асари сактаи мағзӣ дар 64-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ чанд вақти охир аз фишорбаландӣ ранҷ мебурд.
Пайвандони ин хонавода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи 17-уми декабр дар Масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе доир мешавад.
Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар Фейсбук даргузашти ин донишмандро таслият гуфт.
Бобомуллоев то замони марг дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон кор мекард.
Саидмурод Бобомуллоев аз шогирдони академик ва таърихшиноси номвар Раҳим Масов буд.
Аз Саидмурод Бобомуллоев садҳо мақолаи илмӣ монд. Даҳҳо навиштаи ӯ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва чоп шудаанд.