Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон баъд аз 9 моҳ эътирози як гуруҳ аз коргарони чиниро дар минтақаи Зарнисори вилояти Суғд шарҳ доданд.
Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ), ки Зарнисор ба ҳудуди он ворид мешавад, гуфт, норозигии коргарон аз камбуди маблағ ва густариши бемории ҳамагир буд.
Эътирози коргарони "Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Чин" моҳи майи соли гузашта рух дод. Мақомот он замон норозигии коргаронро тасдиқ карда, вале ҷузъиёт надоданд. Расонаҳои чинӣ навиштанд, ки коргарон латукӯб шудаанд.
Шаҳрдори Гулистон дар охири моҳи феврал дар як нишаст гуфт, баъд аз ин ҳодиса ба мушкили коргарони чинӣ расидагӣ ва маошашон пардохта шуд. "Тақрибан се моҳ коргарони чинӣ ба беморӣ гирифтор шуданд. Дар ин муддат корхона хуб фаъолият надошт. Қариб ба 1 миллиарду 400 милион сомонӣ, ки тибқи нақша бояд зиёд мешуд, ноил нагаштем. Наздик ба 18 нафари онҳо ба коронавирус гирифтор шуданд", -- шарҳ дод Саидаҳмадзода.
Рӯзи 20-уми майи соли 2020 ҳудуди 60 коргари чинии ширкат даст ба коршиканӣ заданд. Дар наворҳое, ки манзараи эътирозро нишон медиҳанд, чанд дафъа ба ҳаво тир холӣ карда мешавад ва садои норозигии издиҳом ба гӯш мерасад.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ он замон дар шарҳи ҳодиса гуфта буданд, эътирози коргарони чинии "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин", воқеъ дар шаҳраки Зарнисор, наздикии шаҳри Хуҷандро хомӯш карданд.
Аммо баъд аз он эътирозгарон ба торнамои расмии “Фазои Шарқ”-и Чин гуфтаанд, "маъмурони милиса коргаронро бо калтакҳои сахт заданд ва чиҳил коргари чинӣ захмӣ шуданд”.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин гирдиҳамоии коргарони чинӣ дар авҷи паҳншавии коронавируси нав сурат гирифт ва як нигаронии онҳо аз он буд, ки чанд ҳамкоронашон ба бемории ҳамагир гирифторанд, вале доруву дармони кофӣ надоранд. Ба гуфтаи онҳо, дар моҳи май як коргари чинӣ аз вилояти Ҳенан фавтидааст.
Дар ин корхонаи азими саноатӣ 30 дарсади коргарон чинӣ ҳастанд. Фазлиддин Орифзода, мудири бахши саноат ва энергетикаи шаҳри Гулистон, мегӯяд, “3646 коргар аст. Маоши чиниҳоро гуфта наметавонам, вале маоши миёнаи коргарони мо 2998 сомонӣ аст”.
“Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" моҳи июни соли 2007 дар шаҳраки Зарнисори Гулистон ба кор оғоз кардааст. Корхонаи мазкур қодир аст соле 1 миллион тонна маъдани сурбу рӯҳро коркард кунад.
Мақомоти андоз ё молиёти Тоҷикистон “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин”-ро дар баробари корхонаи муштараки тиллои “Зарафшон” бузургтарин ширкати андоздиҳанда ном бурда буданд, вале соли 2019 даромади ширкат 17 дарсад кам шуда, дар соли пандемия моҳҳо ба мушкилоти молию корӣ дучор будааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эътирози коргарони чиниро бо тирандозӣ ба осмон пароканда кардандТирпаронӣ дар кони Зарнисор. Коргарони чинӣ чӣ мехостанд?ВИДЕОЯк чинӣ дар Зарнисор фавтид. Аммо на аз тирандозӣ. Ҷузъиёти воқеа аз забони коргарони чинӣ