Дар як боғчаи Қазоқистон беш аз 30 кудак заҳролуд шудааст

Акс аз бойгонӣ.

Беш аз 30 кӯдак дар яке аз боғчаҳои вилояти Туркистони Қазоқистон заҳролуд шудаанд.

Дар Раёсати маорифи Туркистон гуфтанд, ҳодиса 25 июн дар боғчаи "Уалихон"-и ноҳияи Келеси вилоят рух дода, дар маҷмуъ 34 кӯдаки аз 2 то 5-сола бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, се кӯдак бистарӣ шуда, боқӣ аз беморхона рухсат гаштаанд.

Департаменти беҳдоштии вилояти Туркистон хабар дода, ки тафтиши ҳодисаро шуруъ кардааст.

Пулис дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Боғчаи "Уалихон" ҳудуди 130 тарбиятгиранда дорад.