Дар Вилояти Бадахшон ҳам "лимит" ҷорӣ шудааст

Яке аз неругоҳҳо дар ВМКБ. Акс аз саҳифаи "Помир энержӣ".

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳам маҳдудияти интиқоли барқ ё "лимит" ҷорӣ шудааст.

Амрихон Раҳимов, директори ширкати "Помирэнерҷӣ", ки масъули таъмини Вилояти Бадахшон бо барқ аст, се рӯз пеш дар ҷаласаи расмии вилоят гуфтааст, сабаби ҷорӣ шудани лимит, сард шудани ҳаво ва яхбандии шадид дар кули Яшикул аст.

Ба гуфтаи директори Раҳимов, феълан танҳо шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳо пурра бо барқ таъмин буда, деҳаҳои дигар бо маҳдудият барқ хоҳанд гирифт. Рӯзи 17-уми декабр дар ширкати "Помирэнерҷӣ" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, соатҳои аниқи қатъи барқ феълан маълум нест.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ягона минтақаи Тоҷикистон буд, ки маҳдудият ё лимити барқ тақрибан набуд.

Дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон сокинон ҳанӯз аз моҳи сентябр бо маҳдудият барқ мегиранд. Вазорати энергетика гуфтааст, сокинони деҳаҳо бояд шабонарӯз 10 соат барқ гиранд. Аммо аҳолии рустоҳо мегӯянд, ҳатто ин реҷаи таинкардаи мақомот ҳам риоя намешавад.