Дар Варзоб як мардеро меҷӯянд, ки ҳангоми сел нопадид шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар пайи борони шадиду омадани сел дар Варзоб як сокини ноҳия бо чорвояш нопадид шудааст. Пайвандони ин чӯпон мегӯянд, чанд рӯз боз ӯро ҷустуҷӯ доранд, аммо бенатиҷа. Онҳо аз кори мақомот ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз бетаваҷҷӯҳии мардум ба ҳушдорҳо аз хатари селу обхезӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.