Дар рӯзҳои ахир наворҳои зиёде ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, гуруҳе аз одамон, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд, як марди сиёҳпустро боздошт карда, ба мошин савор мекунанд. Сокинон мегӯянд, ин ҷин ё кадом махлуқе аст, ба хонаи сокинон даромада, ба мардум осеб мерасонад.
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин наворҳо овоза ҳастанд ва ҳақиқат надоранд. Баъзе саҳифаҳо дар "Инстаграм", ки асосан наворҳои мақомотро нашр мекунанд, аз боздошти марди сиёҳпуст дар Ваҳдат хабар доданд.
Ба навиштаи ин саҳифаҳо, Дани, шаҳрванди Уганда барои пайдо кардани нон асосан шабона ба хонаи сокинони Ваҳдат медаромадааст. Сокинон шабона ин мардро таъқиб мекунанд ва ӯ ба боми хонаи яке аз сокинон баромада, фирор мекунад.
Мақомот дар бораи боздошти чунин нафар расман хабар надоданд, аммо дар аксе ки пахш шуд, ин марди сиёҳпуст дар идораи милиса дида мешавад. Дар бораи ин мард ва чигуна ба Тоҷикистон омаданаш маълумоти зиёд дар даст нест.
Баъзе корбарон пурсиданд, ӯ чигуна визаи Тоҷикистонро дарёфт кард, дар ҳоле, ки барои сер кардани шикамаш маблағ надорад?