Андрий Дейвис 27 сол дорад ва ду дафъа ҳабс шудааст. Ҷинояти ӯро сабук медонанд ва аз ин рӯ дар маҳбаси умумие адои ҷазо мекунад, ки толори машқ ҳам дорад. Дейвис мегӯяд, беҳтар аст ба артиш равад.
“Ин имконияти хуб аст. Сарбози қарордодӣ мешавам ва хешу дӯстонам ҳам мегӯянд, ки писар ё бародарашон кишварро дифоъ кардааст. Ин чиз дилгармкунанда аст,” – нақл кард ӯ.
Тибқи қонуни нав дар Украина, гурӯҳи муайяни зиндониҳо дар сурати хидмат дар артиш афв мешаванд. Олена Висотска, муовини вазири адлияи Украина, гуфт: “Аз рӯзи аввали ҳуҷум зиндониҳои бисёр муроҷиат карда мегӯянд, дар ҷабҳа фоидаашон бештар мерасад.”
Висотска афзуд, қонуни сафарбарӣ танҳо ба гурӯҳи мушаххаси зиндониҳо дахл дорад: “Ҷараёни интихоб содда нест. Нафаре, ки хоҳишманд нест ё шубҳа мекунад, ба ҷанг фиристода намешавад. Онҳое, ки зидди амният, бо бераҳмии сахту пурхушунат ҷиноят кардаву даст ба таҷовуз задаанд, роҳ дода намешаванд.”
Номзад аз санҷиши тиббӣ ва мусоҳибае бо фармондеҳи воҳиди низомӣ мегузарад. Дмитро Дорошенко, афсари яке аз воҳидҳои вижаи артиши Украина, мегӯяд, “намояндагони мо рост ба зиндон рафта, суҳбат мекунанд ва хислатҳои зиндониҳоро мепурсанд.”
Дорошенко гуфт, бар асоси қонуни нав аллакай баъзе аз маҳбусон барои сафарбарӣ роҳ дода шуданд: “Онҳо ҳамроҳи сарбозони дигар фармонро иҷро мекунанд. Онҳо дилгармии бештар доранд, чун медонанд, ки бо киҳо ба куҷо бираванду чӣ бикунанд.”
Маҳбусони сафарбаршуда бояд инчунин ба баъзе маҳдудиятҳо омода бошанд. Ба қавли Олена Висотска, муовини вазири адлияи Украина, “қонун муҳлати қарордодро маҳдуд кардааст. Он аз муҳлати қонуни ҷанг кӯтоҳтар буда наметавонад. Рухсатии нақшавӣ бекор карда мешавад. Вайрон кардани ин қарордод аз 5 то 10 сол ҳабс пешбинӣ мекунад.”
Бар асоси қонун, маоши зиндониҳои собиқ бо ҳуқуқи сарбозони дигар баробар мешавад. Ҳамин шарт ҳам барои Дейвис мояи дилгармӣ шудааст. Ҳоло ин маҳбус интизори посухи ниҳоӣ барои сафарбарӣ ба артиши Украина аст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад