Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ронанда, пешхидмат, ошпаз." Дар Украина нисфи соҳибкорон коргар намеёбанд


58 дарсади соҳибкорони Украина камбуди нерӯи кориро як мушкили аслӣ дар кори худ гуфтаанд. Ин хулосаи таҳқиқоте аст, ки Вазорати иқтисоди Украина моҳи июн нашр карда. Ба иттилои таҳлилгарони бозори кор, ин бузургтарин бӯҳрон дар бозори меҳнат аст.

Метро тезҳаракаттарин нақлиёти мусофирбар дар Киев аст. Поезд ё қатораҳо пайиҳам дар ҳар ду дақиқа ба ҳаракат медароянд, аммо масъулин мегӯянд, маҷбур шуданд фосилаи вақти байни метроҳоро дарозтар кунанд.

Сабаби ин ба гуфтаи Виктор Виговский, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари бахши метрои Киев, нарасидани ронанда аст. "Мо маҷбур шудем фосилаи вақтро дарозтар кунем. Субҳ ва шом фосила 45 сония ва дар соатҳои дигар то 1 дақиқа дарозтар шуд."

Ба гуфтаи ин масъул, ҳоло коргароне мисли челонгар ва барқчӣ намерасанд. Ба гуфтаи Виктор Виговский, дар маҷмӯъ тақрибан 15 дар сади ҷойҳои корӣ холиянд.

Гузориши видеоиро инҷо бинед:

Дар Украина ширкатҳо коргар меҷӯянд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Соҳибкории хусусӣ ҳам дучори бӯҳрон шудаанд. Эълони ҷойҳои холии кориро мешавад ҳатто дар дари даромади мағозаву қаҳвахонаҳои Киев ҳам дид.

Леся Примакова, корманди сомонаи ҷустуҷӯйи кор Work.ua мегӯяд, "аз оғози ҷанг то ҳол омори ҷойҳои холии корӣ ба баландтарин сатҳ расидааст. Бештар аз ҳама дар бахши хидматрасонӣ ба коргар зарурат доранд. Пешхидмат, ошпаз ва курер ё хаткашон меҷӯем. Кормандон дар соҳаи истеҳсолот ҳам заруранд."

Ба иттилои Вазорати иқтисоди Украина, 58 дар сади корхонаҳо камбуди муттахассисонро мушкили аслии худ номидаанд.

Татяна Бережная, муовини вазири иқтисоди Украина мегӯяд, сабаби аслӣ, ин мобилизатсия ё сафарбарӣ ба артиш аст. "Ҳоло кишвари моро тақрибан як миллион сарбоз ҳимоя мекунад. Дуюм муҳоҷират аст. Қариб 6,5 миллион украиниҳо дар хориҷ ҳастанд. Аз ин омор 4 миллионаш одамони синни қобили меҳнатанд.”

Таҳлилгарони бозори кор мегӯянд, зоҳиран ин бӯҳрон муваққатӣ нест ва ба корфармоҳо машварат медиҳанд, ки ба талаботи нави бозор худро мутобиқ созанд.

Лесия Примакова, сомонаи ҷустуҷӯи кор Work.ua гуфт, "аз як сӯ бӯҳрон таъсири манфӣ мерасонад. Аз сӯйи дигар он таъсири мусбат ҳам дорад. Шумори зиёди занон ва маъюбону пиронсолон метавонанд бо кор таъмин шаванд."

Бино ба иттилои Вазорати сиёсати иҷтимоии Украина, дар ин кишвар чандин гурӯҳҳое ҳастанд, ки метавонанд вазъ дар бозори корро тағйир диҳанд.

Даря Марчак, муовини вазири сиёсати иҷтимоии Украина ҳам мегӯяд, қариб як миллион нафари дорои имконияти маҳдуд ҳастанд. "Ҳамчунин муҳоҷирони дохилӣ низ ҳастанд. То моҳи феврали соли 2023 мо 700 ҳазор афроди бекор доштем. Гурӯҳи сеюм, одамони наздик ба синни нафақа ҳастанд."

Коршиносон бар инанд, ки барои бо кор таъмин кардани ин афрод барномаҳои васеъмиқёси бозомӯзӣ ва мутобиқшавӣ лозим аст. Ин кор ҳам барои бахши хусусӣ ва ҳам барои ҳукумат душвор аст. Ба гуфтаи Вазорати иқтисод, дар даҳ соли оянда Украина бояд 4,5 миллион коргарро ба кор ҷалб кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG