2600 нафар. Дар Тоҷикистон рӯйхати расмии қарздоронро тартиб доданд

Дар Тоҷикистон феҳристи шахсони қарздорро тартиб дода, то ин дам номи 2600 нафарро ба он ворид кардаанд. Ин афрод ҳаққи берун рафтан аз кишварро нахоҳанд дошт. Дар ин бора масъулони Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дода, гуфтанд, танҳо дар соли 2020 номи беш аз 300 нафар ба рӯйхат илова шуд.

Ба иттилои расмӣ, ин афрод

  • аз бонкҳо қарздоранд;
  • зарари расонидаро ҷуброн накардаанд;
  • алименти фарзандонро напардохтаанд.

Дар миёнашон раҳбарони зиёда аз сад ширкати хусусӣ низ ҳастанд.

Баъзе аз шахсони қарздор гуфтанд, онҳо дар кишвар ҷойи кор надоранду соли гузашта ба Русия рафта натавонистанд ва, бино бар ин, қарздор монданд. Аммо мушкил он аст, ки дар сурати боз шудани марзҳо низ онҳо эҳтимол кишварро тарк карда натавонанд.

Назирҷон Насимӣ, мудири бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ

Назирҷон Насимӣ, мудири бахши пешбурди феҳрасти хадамот ва махзани электронии Хадамоти иҷро, рӯзи 5-уми феврал ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта монеи сафари шаш нафари қарздор ба хориҷа шуданд.

"Маҳдудият нисбат ба ин афрод танҳо пас аз пардохти қарз бекор карда шуд. Маблағи қарз аз панҷ то 30 ҳазор сомонӣ буд. Дар ин феҳраст номи падароне ҳам ҳаст, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд", -- шарҳ дод ӯ.

Коршиносон мегӯянд, бастани роҳи шаҳрвандони қарздор ба хориҷ таҷрибаи роиҷ дар аксар кишварҳои ҷаҳон аст ва агар он ҳам дар Тоҷикистон дуруст кор кунад, "натиҷа хоҳад дод".

"Агар афроди қарздор ин феҳрастро нодида гиранд, баръакс, ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Бубинед, вақте аз марз онҳоро мегардонанд, ин харҷ дорад. Вале як чизи дигар ҳам ҳаст, ки кор набояд бо фасод олуда бошад", -- гуфт як ҳуқуқдони тоҷик.

Баъзе аз шахсони қарздор мегӯянд, дар чунин шароити мушкил, ки бар асари пандемия пеш омадааст, фишор ба сари онҳо дуруст нест.

"Ман расман дар ҷое кор намекунам. Ягона манбаи даромад мардикорӣ дар Русия аст. Худатон шоҳидед, ки ҳеч кас ба онҷо барои кор рафта наметавонад. Дар дохил фақат барои нон кор мекунед. Бояд алименти ду кӯдакамро пардозам, вале дар ин шароит чӣ кор кунам?" – гуфт Амон, яке аз мусоҳибони мо дар вилояти Суғд.

Ҳоло дар сомонаи расмии Хадамоти иҷро тугмае бо номи "Феҳристи қарздорон" ҷой дода шудааст, аммо номи қарздорон ҳанӯз нашр нашудааст.

Ӯ афзуд, намедонад, номаш расман дар рӯйхати қарздорон ҳаст ё не, "вале солҳои гузашта ҳатман барои кӯдакон алимент додаам ва бояд оилаам ва мақомот низ маро дарк кунанд".

Дар Хадамоти иҷро гуфтанд, бастани роҳи чунин афрод масъулияти сокинонро барои баргардондани қарз ва супурдани алименти кӯдаконашон бештар мекунад. Чун, ба гуфтаи онҳо, дар гузашта баъзе аз қарздорон ба хориҷ рафта, дигар қарзашонро надодаанд.

Мақомот мегӯянд, рӯйхати қарздоронро бар асоси маълумоти ниҳодҳои расмии Тоҷикистон ва бахусус додгоҳҳо дуруст мекунанд, вале афзуданд, "шаҳрвандон низ мустақим метавонанд бо далелҳо муроҷиат кунанд."

Дар Тоҷикистон доду гирифти ғайрирасмии пул ва ё дигар навъи дороиҳо миёни сокинон хеле роиҷ аст, ки аксаран бидуни қайду санад сурат мегирад. Чунин доду ситадҳо гоҳо мояи баҳсу ҷанҷол мешавад. То кунун шеваи расмии рӯёнидани қарз дар Тоҷикистон вуҷуд надошт ва, аз ин рӯ, баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон якдигарро барои гирифтани қарзу барнагардондани он муттаҳам мекунанд.

Дар гузашта шикояти бонкҳо аз афзоиши қарздорон, яъне онҳое, ки воми гирифтаи худу баҳраи онро напардохтаанд, расонаӣ шуда буд. Ҳоло Хадамоти иҷро бо таҳияи феҳрасти ягонаи қарздорон заминаи ба пардохти қарз водор кардани бидеҳкоронро фароҳам кардааст.

Коршиносон мегӯянд, ин феҳристро хадамот дар сомонаи расмиаш бояд ҷой диҳад ва дастраси умум кунад. Танҳо дар он сурат ба таъкиди коршиносон усули шаффофият риоя мегардад ва қарздорон ҳам қабл аз сафар ба хориҷа метавонанд санҷанд, ки номашон дар ин феҳраст ҳаст ва ё не. Зимнан ҳоло дар сомонаи расмии Хадамоти иҷро тугмае бо номи "Феҳристи қарздорон" ҷой дода шудааст, аммо номи қарздорон ҳанӯз нашр нашудааст.

Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 таъсис шуда, кореро мекунад, ки дар гузашта судиҷрочиҳо анҷом медоданд. Таҳияи рӯйхати қарздорони "мамнуъ-ул-хуруҷ" аз корҳоест, ки ин хадамот бори аввал дар кишвар анҷом медиҳад.

Дар гузашта Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати афроди "алоқаманд ба терроризм" ва аъзои гуруҳҳои ифротгароро таҳия карда буд, ки номи 2647 нафарро дар бар мегирад ва ҳамагуна амалиёти бонкиро барояшон манъ кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Бозор сӯхт, мо ҳам сӯхтем. Афзоиши теъдоди оилаҳои қарздор дар Тоҷикистон. ВИДЕОФоизи қарзи бонкҳои Тоҷикистон баланд аст?Қарзи 100 ҳазор сомонии овозхону мутрибони Суғд аз давлатСБП тавсия дод, ки "Агроинвестбонк"-ро барҳам диҳанд ва пули муштариҳоро баргардонандШабнами Сурайё: Ман андозро супурдаамТалаби истеъфои раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар порлумон. ВИДЕО, САДОЯк муштарии "Тоҷпромбонк" худкушӣ кард. САДО