Дар Тоҷикистон гардиши рубли русӣ бештар шудааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рубли Русия дар шаш моҳи имсол дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба пули асосӣ табдил ёфтааст. Ин нуктаро Фирдавс Толибзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми август дар ҳузури хабарнигорон эълон кард, вале баъзе аз тоҷирон ба дурустии он шубҳа доранд.