Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз шуд

Аз 1-уми апрел дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои артиш оғоз гардид.

Бар асоси фармоне, ки онро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 19-уми феврал имзо карда буд, даъвати баҳории ҷавонон ба артиш то охири моҳи май идома мекунад.

Бино ба фармон, ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки асоси қонуние барои озод шудан аз хидматро надоранд, ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.

Тибқи хабарҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, баъзе аз ноҳияи Тоҷикистон дар рӯзи аввали даъват аз иҷро шудани нақша хабар доданд.

Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои мардон ҳатмист ва барои саркашӣ аз он ҷарима ё то 2 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Даъвати ҷавонон ба артиш, ки дар баҳору тирамоҳ анҷом мешавад, ҳар сол бо сарусадо дар бораи ҷалби маҷбурӣ ё "облава" ҳамроҳ аст. Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо ба бадрафторӣ дар бархе воҳидҳои низомӣ меноманд, ки гоҳо бо фавт ё маъюб шудани сарбозон меанҷомад.

Моҳи март Фирдавс Ҳаётзода, додситони нави ҳарбӣ, дар ҳамоише дар Вазорати дифои Тоҷикистон хост, ки аз шеваҳои ғайриқонунии ҷалби сарбозон ба артиш пешгирӣ шавад.