Дар Русия тарҳи қонунеро таҳия кардаанд, ки бар асоси он забондонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактаб санҷида мешавад.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия аз ин пешниҳод тарафдорӣ кардааст.
Игор Круглинский, муовини вазири маорифи Русия дар як ҳамоиши вобаста ба мавзӯи муҳоҷират гуфтааст, кӯдакони хориҷӣ муваззаф мешаванд, пеш аз қабул шудан ба мактабҳо, аз забони русӣ имтиҳон супоранд.
Ҷузъиёти бештари ин санад маълум нест.
Рӯшан нест, ки фарзандони муҳоҷирон дар ҳолати нагузаштан аз имтиҳон аз таҳсил дур мемонанд?
Соли равон ва бахусус баъди ҳодисаи "Крокус", қонунҳои вобаста ба муҳоҷират дар Русия сахттар шуд.