Субҳи рӯзи душанбе, 24 март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ музокираҳои миёни намояндагони ҳукуматҳои ИМА ва Русия оид ба хатми ҷанг дар Украина шурӯъ шуд.
Ин мулоқот як рӯз баъди гуфтугӯҳои миёни ҳайатҳои ИМА ва Украина дар Риёз барпо мешавад. Вазири дифои Украина гуфт, ҳайатҳои Украина ва ИМА рӯзи якшанбе пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои муҳимро ҳамчун як бахше аз иқдоми дипломатии президенти ИМА Доналд Трамп барои хатми ҷанги сесола баррасӣ карданд.
Ҳайатҳои музокироткунандаи Украина ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи якшанбе дар Арабистони Саудӣ мулоқот карданд.
Ин бахше аз талошҳои дипломатии президенти Амрико Доналд Трамп барои хотима додан ба маргбортарин низоъ дар Аврупо пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аст.
Вазири дифои Украина гуфт, ки онҳо пешниҳодҳоро барои ҳифзи иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои муҳим баррасӣ кардаанд.
Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар суханронии шоми якшанбе музокиротро муфид арзёбӣ кард. Ӯ гуфт: "Тими мо комилан созанда кор мекунад. Мулоқот хеле муфид аст. Кори ҳайатҳо давом дорад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Арабистони Саудӣ музокироти хатми ҷанг дар Украина идома дорад
Субҳи рӯзи душанбе, 24 март музокирони ҷудогонаи мақомоти ИМА ва Русия шурӯъ шуд.
Фиристодаи вижаи Амрико Стив Виткофф рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо Fox News, дар бораи ин мулоқот ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия барои хатми ҷанг хушбин буд.
"Ман эҳсос мекунам, ки ӯ сулҳ мехоҳад."
" Ман надидам, ки ӯ хостори тасаруффи тамоми Аврупо бошад. Вазъият аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ фарқ дорад. Дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ НАТО набуд. Шумо кишварҳои мусаллаҳ доред. Дар ин хусус ман ба ҳарфҳои ӯ бовар дорам."
Кохи Сафед мегӯяд, ки ҳадаф аз музокироти идомадор таъмини оташбас дар Баҳри Сиёҳ аст ва интиқоли озоди борҳо мебошад.
Bloomberg News бо такя ба манобеъи огоҳ аз ин тарҳ рӯзи якшанбе хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида умедвор аст то 20 апрел ба оташбаси ҳамаҷониба даст ёбад.
Трамп дар охири ҳафта гуфт, ки талошҳо барои ҷилавгирӣ аз тавсеаи бештари ҷанги Украинаву Русия “то андозае таҳти назорат” ҳастанд.
Аммо, сарфи назар аз тамоми тадбирҳои дипломатӣ, Русия ва Украина аз идомаи ҳамлаҳо ба хоки ҳамдигар хабар медиҳанд.
Рӯзи якшанбе мақомоти Украина гуфтанд, ки дар як ҳамлаи густурдаи ҳавопаймои бесарнишини Русия ба Киев дасти кам се нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсола кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия гуфтанд, ки даҳҳо ҳавопаймои бесарнишини украиниро, ки самти ҷанубу ғарби ин кишварро ҳадаф гирифта буданд, сарнагун кардаанд. Ба қавли мақомоти рус, дар ҳамлаҳо дар Ростов як нафар кушта шуд.
Нерӯҳои Русия ҳамчунон ба оҳистагӣ дар шарқи Украина, минтақае ки ба иддаои Маскав зери тасарруф аст, пеш меравад.