Мақомот рӯзи шанбе гуфтанд, ки дар миёни кушташудаҳо як кӯдак ҳам будааст. Ҷароҳати 90 нафар сангин арзёбӣ мешавад.
Ҳодиса шоми ҷумъа дар бозорчаи солинавии маркази шаҳр рух дод. Мошини сиёҳранги навъи BMW тахминан 400 метр ба самти калисои марказӣ мардумро пахш карда рафтааст.
Намояндаи полис гуфт, феълан сабаби ин ҳодиса маълум нест ва ҳама фарзияҳо санҷида мешаванд. Гумонбари асосии боздоштшуда – як табиби 50-солаи зодаи Арабистони Саудӣ аст, ки ӯро дар ҷои ҳодиса дастгир карданд.
Матбуоти маҳаллӣ навиштааст, ки гумонбар аз соли 2006 бо мақсади таҳсил ба Олмон рафта соли 2016 мақоми паноҳандагӣ дарёфт кардааст. Сабаби содир шудани ҷиноят феълан маълум нест.
Матбуоти олмонӣ бар пояи таҳлили навиштаҳои ин мард дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ин шахс зидди ифротгароии динӣ буд, нисбат ба Ислом диди танқидӣ дошт ва аз тарафдорони ислоҳот дар қонунҳои муҳоҷирати Олмон буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Олмон назорати марзҳояшро сахттар мекунадҲамлагаре дар Олмон се касро куштГумонбар дар ҳамлаи Берлин бо исломгароҳо робита доштааст. САДО ва ВИДЕО