"Аз гулӯям дошту ба девор пахш кард." Дар мактаби шаҳри Ваҳдат чӣ гузашт?

Аксҳои Файзихон Раҷабова баъд аз лаҳзаи ҳодиса ва дар бемористон

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки хабари дар мактаб латукӯб шудани як омӯзгорро дар шаҳри Ваҳдат таҳқиқ доранд. Акси омӯзгори ҷавон бо чеҳраи осебдида дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми корбарони зиёдро барангехт. Хабарнигорони мо ӯро пайдо карданд ва моҷароро аз худаш пурсиданд.

"Дод задам, ки ягон касро даъват кунед"

Файзихон Раҷабова, омӯзгори мактаби рақами 8 дар шаҳри Ваҳдат, иддао дорад, ки аз сӯйи модари як хонанда латукӯб шуда, ба ин сабаб дар беморхона бистарист. Тарафи дигари баҳс мегӯяд, дар ин моҷаро қурбонӣ ҳаст, на гунаҳкор.

"Даромад, аз ҷоям хеста гуфтам, ки исто. Баромаданӣ будам, як шапалоқ заду аз гулӯям қапид ва ба девор зер карда, гуфт, туро мекушам. Тела кардам, нашуд, зӯрам нарасид. Дод задам, ки рафта ягон касро даъват кунед. Талабаҳо рафта кадомеро оварданд," – нақл кард омӯзгор Файзихон Раҷабова.

Ӯ мегӯяд, ин ҷанҷол баъд аз он сар задааст, ки вай аз хонанда хост, ба дарс халал нарасонад. Фирӯза Сармисоқова, модари хонанда, эътироф кард, ки бо муаллима даст ба гиребон шуд, вале мегӯяд, ӯ ва духтараш дар ин ҳодиса гунаҳкор нестанд. Худаш нахост дар назди дурбин гап занад.

"Дар вақти дарси химия (кимиё) аз таърих дарс додааст. Духтарам ҷавоб надодааст, дар рӯзнома баҳои ду мондааст. Духтарам пурсидаст, чаро баҳои ду мондӣ, муаллимаҷон? Гуфтааст, хуб кардам, лаънатиро лаънатӣ мегӯянд. Рав очаатро биёр, ман тарбияаш диҳам," – иддао кард Фирӯза Сармисоқова.

"Бо ҷадвали оҳанинаш "дарси ибрат" додааст"

Омӯзгор сабаби моҷароро ба таври дигар шарҳ дод: "Ҳангоми дарс як талаба бо ҳамроҳаш гап зад. Гуфтам, “хап кун, духтар. Як соат аст, ки нигоҳ дорам, гап зада истодаӣ." Баъд гуфт, "э, шумо, муаллимаҳо аз худ гузаронидед”. Ман гуфтам, ту кӣ ҳастӣ? Аз куҷо омадӣ? Як ҳамсинфаш гуфт, аз мактаби 68 омадааст. Гирифта, ба утоқи мудир бурданӣ будам. Гуфт, рафта ба модарам мегӯям."

Модари хонанда эътироф мекунад, ки ба мактаб омад, то муаллимаро "ҷазо" бидиҳад: "Вай чӣ ҳақ дорад, ки ин гапҳоро нисбат ба фарзанди ман мегӯяд? Бар замми ин корҳо ба тахтапушти духтарам зада, бо ҷадвали оҳанинаш “дарси ибрат” додааст. Ман ба сараш омадам, то пурсам, ки чӣ воқеа шуд. Бо ҳамон ҷадвали оҳанинаш маро низ тарбия доданӣ буд. Зад. Ман гуфта наметавонам, ки чӣ ҳақ дорӣ ҳам маро мезанӣ ва ҳам фарзандамро?"

Шикояти омӯзгор рӯзи 6-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва вокунишҳои зиёде дар пай дошт. Ду омӯзгор ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд, ки аз ҳуқуқи ҳамкасбашон ҳимоят шавад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, воқеаро таҳқиқ мекунад ва дар таҷрибаи чорсолаи Файзихон Раҷабова ягон арзу шикоят нисбат ба ӯ набудааст. Дар ин вокуниш вазорат бар пояи баёноти худи хонанда ва ҳамсинфонаш хабар додааст, ки омӯзгор Файзихон Раҷабова нисбат ба хонанда калимаи “лаънатӣ”-ро истифода кард.

Мо омӯзгорро дар бемористон дидем. Дар нимаи мусоҳиба Фирӯз Гадоев, сардухтури беморхона, онро қатъ кард. Баъди ин, Файзихон Раҷабова аз идомаи суҳбат худдорӣ намуд.

Масрур Қодиров, мудири мактаби рақами 8-и шаҳри Ваҳдат низ аз шарҳи қазия худдорӣ кард. Бино бар навиштаи як омӯзгор, раёсати маориф пештар қазияро баррасӣ карда, ба муаллима "Сипоснома" додааст.

Ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодисаро Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат баррасӣ дорад ва “мехоҳанд, онро байни худ ҳал кунанд”.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Мекушам гуфта, ба девор зер кард"