Радабандии “Education First” 113 кишвари ҷаҳонро фаро гирифта, Тоҷикистон як зина боло аз Конго ва поёнтар аз ҳамсоякишварҳо, дар ҷой 112-ум қарор гирифтааст.
Дар ин радабандӣ Русия дар зинаи 41, Қирғизистон 90, Узбекистон 93 ва Қазоқистон дар мақоми 104 ҷой дода шудаанд.
“Education First як маркази омӯзиши забони англисӣ аст, ки соли 1965 дар Шветсия таъсис ёфтааст. Ин марказ зиёда аз 600 мактабро дар бештар аз 100 кишвар ва манотиқи гуногун муттахид менамояд.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Вазорат: сатҳи омӯзиш беҳтар шудааст
Намояндагони Вазорати маорифи Тоҷикистон чунин арзёбиро нисбӣ унвон намуда мегӯянд, солҳои ахир баръакс сатҳи омӯзишу донистани забони англисӣ дар кишвар беҳтар шудааст.
Наврӯзи Ҷумъамурод, сухангӯи Вазорати маориф дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, омӯзиши забони англисӣ дар кишвар хуб ба роҳ монда шудааст. Як далели ин ба қавли масъули вазорат, ширкати қариб 8 ҳазор хонанда аз Тоҷикистон дар олимиадаҳои байнулмилалӣ мебошад. “Ин ҳам яке аз нишондиҳандаи омӯзиши хуби забони англисӣ аст. Чун ин озмунҳо ҳама бо забони англисӣ сурат гирифт”-афзуд, сухангӯи Вазорати маориф.
Усули таълим куҳна шудааст?
Дар мактаби 55-и Душанбе омӯзиши забони англисӣ аз роҳи хондану тарҷума кардани китоб ва пурсишу посух ба роҳ монда шудааст. Дар ин мактаб 10 омӯзгор барои 2093 муҳассил забони англисӣ меомӯзанд. Хонандагон дар як ҳафта ду бор забони англисӣ меомӯзанд.
Матлуба Маҳмадқулова, муовини директори ин муассиса ба Радиои Озодӣ гуфт, таваҷҷуҳи мактаббачаҳо ба омӯзиши англисӣ дар солҳои ахир бештар шудааст. “Хонандагон ба зергурӯҳо ҷудо шуда, дар кабинетҳои таълимии махсус дарсҳоро аз худ мекунанд.”
Мисли ин мактаб, усули омӯзиши забони англисӣ дар аксар макотиби Тоҷикистон бозмонда аз замони шӯравӣ аст ва аксаран бо хондану тарҷума кардани матн маҳдуд мешавад. Бархе омӯзгорон ин усули таълимро камсамар медонанд.
Бахтиёр Давлатмуродов, муаллими забони англисӣ бештар дар марказҳои хусусӣ ба таълими ин забон машғул будааст. Ба назари ӯ, ҳангоми омӯзиши забони англисӣ истифода аз усулҳои нав муҳим аст.
“Мушкили аслӣ надонистан ва огоҳ набудан аз баъзе навгониҳои тадриси ҳозиразамон аст. Мушкили дигар норасоии технологияи муосир дар дарсҳо мебошад. Муаллимон хеле кушиш мекунанд, вале асри 21 аст, бояд аз технология истифода шавад. Масалан, ягон наворро нишон бидиҳем, ягон фаъолияте, ки хеле интерактивӣ аст, нишон бидиҳем”-шарҳ дод, ӯ.
«Ҷавонон бояд худашон талош кунанд»
Муҳайё Нозимова, ки солҳо аз фани забони англисӣ дар Тоҷикистон дарс додааст, ҳоло дар Лондон шеваҳои наву муосири омӯзиши ин забонро меомӯзад. Ӯ гуфт, барои беҳбудии вазъ низоми маорифи кишвар ниёз ба таҷдид дорад. Аз сӯи дигар ба қавли хонум Нозимова, донистани забони англисӣ ба худи ҷавонон низ бастагӣ дорад.
Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, “имрӯз дарсҳои онлайнӣ, он курсҳои онлайнӣ, ҳатто ройгон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёданд. Чунин курсҳо аз ҷумла дар Инстаграму Фейсбуку Ютуб ба ҷавонон имкон медиҳад забони англисӣ ё дилхоҳ забонро худомӯзӣ кунанд”.
Ҷавонони тоҷик бештар ба марказҳои хусусии омӯзишӣ забони англисӣ бартарӣ медиҳанд. Аммо пурсиши мо дар хиёбонҳои Душанбе нишон дод, ки на ҳама аз нигоҳи молӣ имкони таҳсил дар марказҳои хусусии забономӯзиро доранд.
Тибқи иттилои расмӣ, беш аз 8 ҳазор омӯзгор дар мактабҳои кишвар аз фанни забони англисӣ дарс медиҳанд. Бахше аз омӯзгорони забони англисӣ бо далели кам будани маош на ба мактабҳои миёна, балки талош мекунанд ба созмону ширкатҳои байналмилалӣ рӯ оваранд ё касби тарҷумониро пеша кунанд.
Гуфтугӯ