Эълони "вазъи фавқулода". Дар Курски Русия чӣ мегузарад?

Ин аксро волии Курск Алексей Смирнов нашр кард. 6-уми август

Даргирӣ дар вилояти Курски Русия, ки ба гуфтаи мақомоти рус артиши Украина ба он ҷо ҳамла кардааст, рӯзи сеюм аст, ки идома дорад.

Телеграм каналҳои ҳарбии наздик ба мақомоти Русия хабар доданд, ки задухӯрдҳо дар ноҳияи Кореново ва шаҳри Суджа идома дорад. Суджа, ки дар марз бо Украина ҷойгир аст, рӯзи 7-уми август мавриди тирборони шадид қарор гирифт.

Дар ҳоле ки Киев чизе дар ин бора намегӯяд, мақомоти Русия гуфтанд, артиши Украина ба хоки ин кишвар ҳамла кардааст.

Алексей Смирнов, волии муваққатии Курск гуфтааст, вазъи фавқулода эълон шуда, дар минтақаҳои марзӣ вазъият ҷангӣ аст.

Рӯзи 7-уми август Владимир Путин, президенти Русия, нишасти изтирории Шӯрои амнияти ин кишварро баргузор кард.

Валерий Герасимов, сардори Ситоди ҳарбии Русия ва Александр Бортников, сардори Хадамоти федеролии амнияти ин кишвар гуфтаанд, субҳи 6-уми август “воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки шумораашон то ҳазор нафар аст, бо ҳадафи тасарруфи як бахше аз қаламрави ноҳияи Суджаи вилояти Курск ба ҳуҷум гузаштанд."

Дар ҳоле ки иттилои алтернативӣ дар даст нест, Герасимов гуфтаааст, монеи пешравии артиши Украина шудаанд.

Аммо телеграм канали Rybar, ки ба Вазорати дифои Русия наздик аст, 8-уми август навишт, низомиёни украинӣ нимаи ғарбии Суджаро ишғол кардаанд ва дар ҳоли ҳозир ҷанг дар сарбанде ҷараён дорад, ки дарёи хурди Суджа аз он ҷорӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти амрикоӣ гуфтанд, аз Киев дар бораи ҳамла ба вилояти Курск маълумоти бештар хостаанд.

Ҷон Кирби, намояндаи Кохи Сафед гуфтааст, сиёсати онҳо дар бораи ҳамлаи Украина ба ҳудуди Русия тағйир наёфтааст ва Вашингтон ба Киев иҷоза медиҳад, бо силоҳҳои гирифтааш аз Иёлоти Муттаҳида ба маконҳои низомӣ дар Русия ҳамла кунад.