Мақомоти вилояти Харков дар Украина гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия камаш 15 нафар, аз ҷумла кӯдакон, захмӣ шуданд.
Ҳодиса шаби 20 ба 21-уми сентябр иттифоқ уфтод.
Намояндаи Додситонӣ гуфтааст, нерӯҳои Русия бо истифода аз ҳавопаймоҳои "Су-34" се ноҳияи Харковро нишон гирифтанд.
Пештар аз ин, Олеҳ Синеҳубов, волии Харков, гуфта буд, ки артиши Русия рӯзи 20-уми сентябр чанд деҳаро тирборон карда, ду нафарро кушт.
Нерӯҳои Русия рӯзи ҷумъа дар Украина дар умум 54 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.